» » » Дар маркази тиббии серсоҳаи вилоятии бачагон бемориҳои нуқсони дилро бе теғи ҷарроҳӣ шифо мебахшанд


Дар маркази тиббии серсоҳаи вилоятии бачагон бемориҳои нуқсони дилро бе теғи ҷарроҳӣ шифо мебахшанд

Ин писарак аз дарди дил дар азоб буд. Баъди гузаронидани амалиёти ҷарроҳии бе теғ худро хеле хуб ҳис мекунад.

 


Нигоҳ накарда ба душвории беморӣ, тибқи фикри шифокорон бачаяк дар муддати кӯтоҳ ба хонааш бармегардад. Ҳини сӯҳбат ҷонишини сардухтури маркази тиббии серсоҳаи вилоятии бачагон Дилшод Раҳмонов гуфт:

 

- "Ба ин бемор тавассути артерияи калон бо роҳи инвазивии хурд--яъне малоинвазивӣ пластинкаи махсусро ба ҷои нуқсони дил гузоштем. Инҷо мо баданро набурида, ҷарроҳии бо теғро гузаронида, бо ёрии ҳисобкунанки махсусро ба эхокардиограф гузрштан ва ин ҷараёнро дар монитор дида истода, пластинаро гузоштем."

 

Ҳамин тавр метаовн гуфт, ки ҷарроҳӣ бо воситаи эндовоскулярӣ бо ёрии таҷҳизоти тафтишотии ултрасадо гузаронида шуда, ба асаби бемор таъсири манфӣ намерасонад. Ҳатто пай, нақши ҷарроҳӣ ҳам намемонад. Дар давоми сухани худ шифокор гуфт:

 

-"Дар мо, дар Ӯзбекистон, дар Тошкандшаҳр чунин ҷарроҳӣ як бор гузаронида шуд, бо ёрии таҷҳизоти рентгенӣ. Фарқияти ҷарроҳии мо ин ба воситаи эхокардиограф гузаронидани амалиёт мебошад. Яъне бе таъсири нурҳои рентгенӣ ба бача бори аввал ин воситаро истифода кардем. Бе муболиға метавон гуфт, ки дар республика аввалин ҷарроҳии бе теғи ҷарроҳӣ гузаронида шуда ба ҳисоб меравад."

 

Тибқи маълумоти ба мо расонида шуда, дар давоми соли 2019 дар маркази номбурда 186-то ҷарроҳии мураккаби нуқсонҳои дил дар бачагон бомуваффақият гузаронида шудааст.

Комментариев: 0
Добавить комментарий