» » » Аэропорти байналхалқии Самарқанд муносиби салоҳияти сайёҳии вилоят хоҳад шуд


Аэропорти байналхалқии Самарқанд муносиби салоҳияти сайёҳии вилоят хоҳад шуд

Аэропорти байналхалқии Самарқанд муносиби салоҳияти сайёҳии вилоят хоҳад шудМаълуматон, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон охири моҳи гузашта дар Самарқанд шуда, оиди рушди самтҳои гуногуни хоҷагии халқ пешниҳодҳо дода, аз рафти корҳои бунёдкории шаҳри бостонӣ шинос шуда буданд.

 

Аз ин рӯ, дар асоси лоиҳаи пешиҳодгардида, дар ояндаи наздик мутобиқи стандартҳои ҷаҳонӣ бунёди терминали нав дар аэропорт барои омаду рафти 600 нафар мусофирон, васеъ намудани истгоҳи ҳавопаймоҳо, такомили фаъолияти сохтори радиолакатсионӣ дар нақша аст.

 

Маълуматон, ки аэропорти байналхалқии Самарқанд соли 1927-ӯмсохта шуда, то соли 2009-ӯмякчанд маротиба аз таъмири капиталӣ бароварда шудааст. Қобили қайд аст, ки аз ин манзили равуои мусофирони Самарқанд ҳар ҳафта 37 маротиба ба давлатҳои хориҷиву маҳаллӣ хатсайрҳо амалӣ карда шуда, дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба 220 ҳазор нафар мусофирон хизмат расонида мешавад. Дар навбати хеш ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта ба 40 фоиз зиёд аст.

 

Ҳамин тавр, дар асоси пешниҳод ва дастурҳои сарвари мамлакат дар Самарқанди куҳан корҳои бозсозиву реконструксионӣ оғиз гардида, аэропорти байналхалқӣ низ тарҳи дигар мегирад.

Комментариев: 0
Добавить комментарий