» » » Ба бологер ҳуҷум карданд


Ба бологер ҳуҷум карданд

Ба бологер ҳуҷум кардандҲангоми равшан кардани муаммои сокини шаҳр, ки ба 250 миллион сӯм фирефта шуда буд, ба блогери 33-сола Отабек Ҷӯраев ҳуҷум ташкил карда шуд. Дар ин бора шабакаи UzNews хабар мерасонад.

 

Тибқи видеомуроҷиати блогер дар шабакаиYoutube, соҳибкорзан якчанд маротиба ба намояндагони прокуратура ва садорати корҳои дохилӣ бо арзу шикоят доир ба ҳаракатҳои нодурусти ҳамкораш, ки 250 миллион сӯми ӯро беҳуда сарф кардааст, муроҷиат карда буд. Дар натиҷа парвандаи ҷиноӣ кушода шуд, Аммо баъди чанд муддат шахси айбдорро танбеҳ надода, парвандаи ҷиноиро пӯшиданд. Аз ночорӣ соҳибкорзан ба блогер Отабек Ҷӯраев муроҷиат мекунад, то ӯ ин корро ба охир расонад.

 

Чанд рӯз муқаддам бошад, ҳангоми сӯҳбати блогер бо аризадиҳанда марде, ки бар зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ кушода шуда буд, ба ҳамсӯҳбатон дар даст бо табар наздик шуда, таҳқир мекунад, ки мошинашро вайрон мекунам гӯён ва дар ҳамон ҷо бо табар ба сари блогер мезанад.

 

Аз чӣ бошад, баъди даъвати ёрии таъҷилӣ блогерро ба муассисаи тиббӣ қабул накарда, парвандаи ҷиноӣ ҳам намекушоянд. Аммо пас аз муроҷиати болгер дар Интернет суханҳои ӯро ба инобат гирифта, аз рӯи моддаи 277-ӯми Кодекси Ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст ("Бадахлоқӣ").

Комментариев: 0
Добавить комментарий