» » » Дар маркази перинаталии вилоятӣ корҳои таъмирӣ ба охир расонида шуд


Дар маркази перинаталии вилоятӣ корҳои таъмирӣ ба охир расонида шуд

Дар маркази перинаталии вилоятӣ корҳои таъмирӣ ба охир расонида шудМаркази перинаталии вилоятӣ баъди таъмири ҷорӣ боз ба хизмати миҷозон омода аст. Дар ин бора хизмати матбуотии садорати вилоятии тандурустии вилояти Самарқанд маълумот мерасонад. Баъди таъмир, ки зиёда аз як моҳ давом кард, ин муассисаи тиббӣ тарҳи нав гирифта, дар 20 000 метри мураббаъ корҳои азнавсозӣ бурда шуданд.

 

Дар утоқҳо 3500 метри мураббаи фаршҳо иваз карда шуда, кафели утоқҳои шӯъбаи реаниматсионӣ, ҷарроҳиву гинекологӣ, утоқи озмоишгоҳӣ-лабараторӣ ва таваллудхона пурра аз нав карда шуд. Маҷмӯи қубурҳои мавҷуда низ пурра нав карда шуданд.

 

-"Баъди таъмири пурраи ҷорӣ шифохона куллан намуди нави замонавӣ гирифта, дар хонаҳои калони равшани барҳаво барои шифокорон ва ҳамшираҳои тиббӣ ва беморон тамоми шароитҳо муҳайё карда шудаанд."- гуфт ҳини сӯҳбат роҳбари марказ Лола Ҳамроева.

Комментариев: 0
Добавить комментарий