» » » Донишҷӯёни ояндаи факултети барномаҳои таълиму тарбияи байналхалқии Донишгоҳи Давлатии Самарқанд дар асоси методикаи беҳтарини олигоҳҳои байналхалқии бонуфузи дунёвӣ таҳсил мегиранд


Донишҷӯёни ояндаи факултети барномаҳои таълиму тарбияи байналхалқии Донишгоҳи Давлатии Самарқанд дар асоси методикаи беҳтарини олигоҳҳои байналхалқии бонуфузи дунёвӣ таҳсил мегиранд

Донишҷӯёни ояндаи факултети барномаҳои таълиму тарбияи байналхалқии Донишгоҳи Давлатии Самарқанд дар асоси методикаи беҳтарини олигоҳҳои байналхалқии бонуфузи дунёвӣ таҳсил мегирандМинбаъд донишҷӯёни ояндаи факултети барномаҳои таълиму тарбияи байналхалқии Донишгоҳи Давлатии Самарқанд дар асоси методикаи беҳтарини олигоҳҳои байналхалқии бонуфузи дунёвӣ таҳсил мегиранд. Алҳол комиссияи қабули даргоҳи олӣ ҳуҷҷатҳои довталабонро қабул карда истодааст, гӯён хабар мерасонад шабакаиPodrobno.uz , такя ба рӯзномаи "Самаркандский вестник".

 

Ин таклифи ташкили маркази номбурдаро Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Самарқанд баён карда буданд ва онро на фақат олимони маҳаллӣ, балки олимони ҳафт олигоҳи ҷаҳонӣ дастгирӣ намуданд.

 

Тибқи фикри проректори қисми илмии ДД Самарқанд Аҳмадҷон Солеев лексия ва дарсҳои фаннӣ ба забонҳои англисӣ, корейсӣ, чинӣ-хитоӣ ва русӣ бурда шуда, дар маркази номбурда мутахассисони дараҷаи олиро тайёр мекунанд.

 

Қобили қайд аст, ки агар омӯзгорони хитоӣ мутахассисон-технологҳоро тайёр кунанд, олимони исроилӣ мутахассисони математикаи таҷрибавӣ ва информатикаро, омӯзгорони Руссия мутахассисони техникаи роботӣ ва спектроскопияи молекуляриро тайёр мекунанд. Ғайр аз ин, дар асоси дастури хориҷа омӯзгорони соҳаи психология, экология ва таълими томактабӣ ҳам тайёр карда мешаванд.

 

Дар нақша аст, ки соли ҷорӣ ба факултети барномаҳои таълиму тарбияи байналхалқии Донишгоҳи Давлатии Самарқанд 150-нафар бакалавр ва 80-нафар магистрҳоро дар асоси контракт (пулакӣ) қабул карда, таълим медиҳанд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий