» » » Дар қабристони яҳудиёни Самарқанд маҷмӯи хотиравӣ бо сабти номи иштирокчиёни ҷанги Дуюми ҷаҳонӣ кушода шуд


Дар қабристони яҳудиёни Самарқанд маҷмӯи хотиравӣ бо сабти номи иштирокчиёни ҷанги Дуюми ҷаҳонӣ кушода шуд

 

Дар асри гузашта ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо сабабҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ намояндагони миллатҳои гуногуни дунё омада, муқим гаштаанд. Халқи сулҳпарвару дасткушоди мо ҳазорон нафар намояндагони миллатҳои мухталифи оламро дар замини хеш ҷой дода, зери осмони соф якдилу ҳаммаслак шуда, зиндагонӣ кардаанд.

 


 Бо гузашти вақту солҳои зиёд имрӯз ин миллатҳо ба Ватани хеш баргашта, дар замини худ муқим шуда, манзил ёфта, барои миннатдорӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Самарқанди куҳан омадаанд.

 

Миллати яҳудиёни Самарқанд, ки онҳоро "яҳудиёни бухорӣ”мегӯянд, имрӯз дар шаҳри бостонии моянд. Тибқи маълумотҳо қариб 200 сол муқаддам бо кӯмак ва дастгирии халқи Самарқанд ва ташаббускорони яҳудӣ дар шафати маҷмӯи ёдгории Шоҳи Зиндаи шаҳри қадим ба қабристони яҳудиёни Самарқанд ҷой дода шуда буд. Имрӯз онҷо зиёда аз 14.500 ҳазорто шахс дафн карда шудаанд.

 

Солҳои баъди ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ҳам ба Самарқанд аз давлатҳои ҳамсояи Қазоқистону Қирғизистон, Тоҷикистону Туркманистон ашхоси аз олам гузаштаро оварда, ба хок супоридаанд.

 

Дар давоми 5-6 соли охир бо ташаббуси ҳомиён-яҳудиёни олам ва дастгирии ҳукумату шахсан қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар даромадгоҳи қабристони яҳудиёни Самарқанд лавҳи хотиравӣ- маҷмӯи меъмории хотираи иштирокчиёни ҷанги Дуюми ҷаҳонӣ барои яҳудиёне, ки барои озодии Ӯзбекистони азиз ҷоннисорӣ кардаанд, кушода шуд.

 

Дар маросим ҷонишини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Азиз Абдуҳакимов, ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов ва сафири мухтор ва фавқулодаи Исроил дар Ӯзбекистон ҷаноб Эдуард Шапиро иштирок карда, ба сухан баромаданд.

 

Нотиқон дар баромади хеш дар бораи дӯстӣ ва сиёсати хирадмандонаи сарвари мамлакати Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев сухан карда гуфтанд, ки багузории чорабинии мазкур бо сарварии Президенти мамакат амалӣ гашта истодааст. Инчунин оиди саҳми яҳудиён дар пешрафти ҳаёти ҷомеаи Ӯзбекистон ва меҳмоннавозии халқи Самарқанд ҳам гуфта гузашта, аз номи тамоми халқи яҳудиёни олам миннатдорӣ баён карданд.

 

Ба яҳудиёне, ки дар сохтмону бунёди ин маҷмӯи таърихӣ саҳмгузор шудаанд, ҷомаҳои заррини миллии мо пӯшонида шуда, дар навбати хеш ба ҳокими вилояти Самарқанд ҳам нишонаи фахрии ҷамъияти яҳудиёни дунё супорида шуд.

 

Сипас, дар қисми дигари қабристони мазкур хонақоҳ ҳам кушода шуд.

 

Бегоҳирӯзӣ бошад, баъди таъмирии ҷории капиталӣ, ки бо меҳнати устоёни моҳир таҳти сарварии устои маъруф Мансур Асадов Синагогаи яҳудиён ба кор даромада буд, ба таври расмӣ кушода шуд.

 

Ҳамин тавр, ҳар як меҳмоне, ки имрӯз дар рафти чунин як чорабинии мӯҳташам иштирок доштанд, миннатдории хешро ба кулли мардуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Президенти Ватанамон баён карданд.

 

Дӯстӣ ва меҳру муҳаббат ҳамеша дар қалбҳои мо боқӣ мемоанд, гӯён ҳар як иштирокчии тадбир дар рафти вохӯрӣ ва сӯҳбатҳо вирди забон мекарданд.

 

Муфассалтар дар ин бора дар гузоришҳои минбаъдаи шабакаи мо хабар хоҳед гирифт.

 

Шаҳло Аҳророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий