» » » Дар Самарқанд туннель-нақб мекобанд


Дар Самарқанд туннель-нақб мекобанд


Дар кӯчаи ба номи А.Рӯдакии шаҳри Самарқанд сохтмони туннель-нақби 500 метра оғоз гардид.

 

Дар манзили корӣ наздики 100-нафар коргарони трести «Кӯприкқурилиш»-и компании «Ӯзбекистон темир йӯллари»ва зиёда аз 30-адад техникаи замонавӣ кор мекунанд. Туннель-нақби мазкур бо мақсади пешгирии зиёдшавии нақлиёт дар роҳҳо бунёд мегардад. Нархи лоиҳаи он 68 миллиард сӯмро ташкил дода, роҳи равуои трамвайи № 2-и ҷониби "Вокзал-бозори Сиёб ” дигар карда шудааст.

Бунёд Мирзабеков, прораб: «Дарозии роҳ 534 метрро ташкил дода, бараш 25 метр мебошад. Дарозии нақб 93 метр мешавад. Дар Самарқанд чунин лоиҳа, бори аввал сохта мешавад. Мо фикр дорем, бо ин роҳ, сифати роҳҳо ва инфрасохтори он ҳам, дигар мешавад».

Тибқи нақша, роҳ панҷ қатора сохта шуда, се қатори роҳи мошингард аз нақб мегузарад. Барои пиёдагардон 4-то роҳи зеризаминӣ сохта шуда, дарозии он 40 метр мешавад. Тибқи фикри компанияи сохтмонӣ то охири соли равон дар шаҳр дуто чунин нақби автомобилгард сохта мешавад. То оғози кори ШОС яъне Ҳамкории Созмони Шанхай, ки соли 2022 мегузарад, дар шаҳри Самарқанд ҳамагӣ шашто чунин нақбҳои мошингард сохта мешавад.

 

Дар ҷониби ноҳияи Самарқанд дар кӯчаи Гулобод то шафати ёдгории Хоҷа Аҳрори Валӣ ҳам корҳои таъмирӣ ва тармимии кӯчаи нақлиётӣ оғоз гардидааст. Дар назар дошта шудааст, ки ин роҳ 6 қатора сохта шуда, барои аҳолӣ қулаӣ фароҳам оварда мешавад.

Комментариев: 0
Добавить комментарий