» » » Дар Самарқанд дар тӯли ду рӯз ду нафар порахӯрро дастгир карданд


Дар Самарқанд дар тӯли ду рӯз ду нафар порахӯрро дастгир карданд

Дар Самарқанд дар тӯли ду рӯз ду нафар порахӯрро дастгир кардандТибқи маълумоти садорати корҳои дохилии вилояти Самарқанд 6-сентябри соли равон адвокати коллегияи адвокатҳои "Боғишамол” А.М. ҳангоми гирифтани пора ба миқдори 200 долари америкоӣ ба даст афтод.

 

Тибқи маъумоти шабакаи zarnews.uz ҳимоякунанда аз ду нафар шахс пул талаб карда, ваъда медиҳад, ки ҷараёни ҷудошавӣ ва гирифтани алиментро метезонад.

 

Дар даст бо пул ёрдамчии сарҳисобчии иттиҳодияи тиббии ноҳияи Нарпай Р.М. дастгир карда шуд. Дар натиҷаи гузаронидани рейди назоратӣ аз тарафи ходимони нигаҳдории тартибу ҳуқуқи мақомоти давлатии вилояти Самарқанд ин ҳолати қонунвайронкунӣ муайян карда шуд.

 

Дастгиршуда ба ходими муассисаи тиббӣ ваъда додааст, ки ӯро аз 0,25 ставкаи корӣ ба ставкаи пурраи корӣ ба ивази 400 доллари америкоӣ мегузаронад.

 

Такя ба ин далелҳо прокуратураи вилояти Самарқанд дар асоси Кодекси Ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноӣ кушода аст. Ҳоло корҳои тафтишотӣ бурда мешаванд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий