» » » Миннатдории устод Ҷӯрабек Муродов


Миннатдории устод Ҷӯрабек Муродов


 

Артисти халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷӯрабек Муродов ба ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон миннатдорӣ баён мекунанд.

 

Дар рӯзҳои ҷашни Истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон артисти халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷӯрабек Муродов дар Самарқанди куҳанбунёд шуда, қабрҳои Президенти аввалини Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов ва пири санъаткорони Самарқанд шодравон Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасуловро зиёрат карданд.

 

Ҳини сӯҳбат устод дар бораи Ватани маҳбуб Ӯзбекистон ва Самарқанди бостонӣ чунин гуфтанд:

 

-"Ман бисёр вақт ба таври расмӣ ба Самарқанду Бухоро омада, ба зудӣ бармегардам. Дар ин рӯзҳои ҷашнҳои бузурги Истиқлолияти ҳам Ӯзбекистон ва ҳам Тоҷикистон, ки хеле мӯҳташам гузашт, ният кардам Самарқанду Бухорои шарифро зиёрат кунам. Аз наздик бо корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ, сохтмонии шаҳри зебои Шумо дидан кунам. Бовар кунед, хона-музейи устод Ҳоҷӣ Абулазиз Абдрасулов, хона-музейи устод Садриддин Айнӣ ва дигар ёдгориҳои қадими шаҳри куҳанро дида хеле фахр кардам, хурсанд шудам, аз ин ҷо, шахсан ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ба ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов миннатдории беинтиҳо баён карданиям. Чунки ин қадар навгонӣ, ободӣ, сарсабзу хуррамӣ, қадрнамоии бузургон, адибон, бовар кунед, ин ҳамаро дида, хеле ба ваҷд омада, хостам ба кулли мардуми ҳамсояи бародару хешу наздики Ӯзбекистон ташаккур гӯям”...

 

Устод Ҷӯрабек Муродов дар охири сӯҳбат гуфтанд, ки минбаъд дар шаҳру навоҳӣ, вилоятҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар нияти ташкили барномаи калони консертиянд.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий