» » » Дар ноҳияи Булунғури вилояти Самарқанд қабули сайёр гузаронида шуд


Дар ноҳияи Булунғури вилояти Самарқанд қабули сайёр гузаронида шуд


Дар "Қабулхонаи халқ”-и ноҳияи Булунғури вилояти Самарқандбо иштироки директори бюрои Ҳатмии назди Сарпрокуратураи Ҷумҳурии Ӯзбекистон қабули сайёр гузаронида шуд. Дар он прокурори вилояти Самарқанд, мутассадиёни ҳокимиятҳои шаҳру навоҳӣ, роҳбарони масъули корхона, ташкилот ва муассисаҳо иштирок карданд.

 

Дар рафти Қабули сайёр муроҷиати зиёда аз 50-нафар шаҳрванд дида шуда, дар худи ҳамон ҷой бисёре аз он муаммоҳо ҳалли худро ёфтанд.

 

Ба 2-нафар ногирон аробачаи ногиронӣ, ба чандеи аз муроҷиаткардагон 2-то асои махсуси тиббӣ ва 2-то асбоби махсуси шунавоӣ дода шуд.

 

Баргузории чунин қабулҳо дар ҳудудҳои дурдасти вилоят барои шаҳрвандон хеле қулай буда, дар бартараф намудани масоили мавҷуда, дорои аҳамияти калон аст, гуён мутассадиён ҳини сӯҳбат фикри худро баён карданд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий