» » » Дар маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд озмун-азназаргузаронии “Бачаҳои боистеъдод” шуда гузашт


Дар маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд озмун-азназаргузаронии “Бачаҳои боистеъдод” шуда гузашт

Тарбиятгирандагони панҷ мактаб-интернати ш.Самарқанд иштирокчиёни озмун-азназаргузаронӣ таҳти шиори "Бачаҳои боистеъдод” шуданд. Ин чорабинии муҳим бо мақсади таъмини тадбиқи яке аз панҷ самтҳои муҳими ҳаракатҳои стратегии пешниҳод кардаи Президент оид ба рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дастгирӣ ва кӯмак ба ашхоси ҳаракати ҷисмониашон маҳдуд, дар маркази ҷавонон ташкил карда шуд.



Дар рафти барномаи консертӣ ҷонишини ҳокими шаҳри Сам-д ва прокурори шаҳри бостонӣ иштирок ва сухан карда қайд намуданд, ки бо ибтикори Президенти мамлакат баҳри дастгирӣ ва кӯмак ба ашхоси ҳаракати ҷисмониашон маҳдуд ва оилаҳои камтаъмин корҳои амалии назаррас иҷро мегарданд. Ин гуна шахсонро мунтазам ёрии амалӣ ва моддӣ расонида мешавад.

 

Хонандагони мактаб-интернати рақами 1, 59, 60, 61,-и шаҳри Самарқанд дониши худро дар варзишу, сурудхонӣ, рақсу расмкашӣ, дузандагиву дигар намуди санъати амалӣ аз санҷиш гузарониданд.

 

Дар хотимаи ин тадбири муҳим ба бачаҳо туҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуда, ба роҳбарони мактабҳои номбурда, номаҳои миннатдорӣ фиристода шуд.

 

Дар поёни ин чорабинии муҳим, барои бачаякон хони пурнеъмат ташкил карда шуд.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий