» » » Сайри экологӣ зери шиори “Ҳаётатро шукуфон кун!” оғоз гардид


Сайри экологӣ зери шиори “Ҳаётатро шукуфон кун!” оғоз гардид

 Сайри экологӣ зери шиори “Ҳаётатро шукуфон кун!” оғоз гардидСайри экологӣ зери шиори "Ҳаётатро шукуфон кун!” оғоз гардид
Дар шаҳри Самарқанд бо ҳамкории Садорати хонаву ҷой ва хизматрасонии коммуналии вилоят, Шӯрои вилоятии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон ва рӯзномаи вилоятии "Овози Самарқанд” сайри экологӣ оғоз гардид.Иштирокдорон аз майдони Кӯксарой тавассути кӯчаҳои Хиёбони университет ва Хоҷа Аҳрори Валӣ ҷониби мадрасаи Нодир Девонбегӣ роҳ пеш гирифтанд.
Мақсад аз гузаронидани чорабинӣ ташаккули маданияти экологии шаҳрвандон, ҳифзи табиати дилфиреби Самарқанд, кишти ниҳол ва гулҳои рангоранг мебошад. Ман аз вилояти Сирдарё ҳастам, – гуфт иштирокдори марафон Хусрав Умурзоқов. – Дар курси якуми факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд мехонам. Бори аввал дар чунин марафон иштирок мекунам. Пеш аз оғози марафон барномаи консертӣ пешкаш гардид, ки табъи ҳар як иштирокдор болида шуд. Инак ба роҳ баромадем ва раҳораҳ барои обод кардани кӯчаҳои шаҳрро саҳмгузорӣ мекунем. Табиат ҳамеша ба нигоҳубини инсонҳо ниёз дорад. Ҳифзи табиат вазифаи муқаддаси мост. Гузаронидани чунин чорабиниҳо дар дили инсонҳо эҳсоси муҳаббат ба табиатро пурзӯр мекунад.

Комментариев: 0
Добавить комментарий