» » » Баргузории “Ҳафтаи кӯҳансолон” дар Самарқанд


Баргузории “Ҳафтаи кӯҳансолон” дар Самарқанд


Аз ҷониби Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон қабул шудани қарор "Дар бораи чораҳои боз ҳам баланд бардоштани мавқеи ҷамъиятӣ ва фаъолнокии иҷтимоии куҳансолон” айни замон аз воқеаи мавриди таваҷҷӯҳ будани пиронсолон дарак медиҳад.

Аз ин рӯ, дар шаҳри Самарқанд бо мақсади таъмини иҷрои қарори мазкур дар доираи ҳафтаи байналхалқии "Ҳафтаи кӯҳансолон” марафон гузаронида шуд. Дар марафони кӯҳансолон, ки аз гулгузорӣ пеши ҳайкали Аввалин Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Ислом Каримов оғоз гардид, солхӯрдагон, собиқадорони меҳнат, вакилони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ иштирок карда, дар масофаи 500 метр, аз пеши галереяи Чорсӯи Самарқанд, дар кӯчаи ба номи Ислом Каримов қадам зада то қадамҷойҳои дигари таърихии шаҳри бостониро ҳам тамошо карданд.

Ҷавонони фаъол ва пешқадам низ бо пирамарду пиразанҳо ҳамроҳ ҳаракат карданд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий