» » » Театри опера ва балети Ҷумҳурияти Тоҷикистон дар Самарқанд


Театри опера ва балети Ҷумҳурияти Тоҷикистон дар Самарқанд


Актёрони Театри академии опера ва балети Ҷумҳурияти Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз 13 то 19 октябри соли равон дар Самарқанд мешаванд. Дар ин бора хизмати матбуотии Вазорати маданияти Тоҷикистон хабар мерасонад.

 

Нахустнамоиши спектаклҳо санаи 14-октябр дар театри вилоятии мусиқӣ ва драмавии шаҳри Самарқанд ба номи Ҳамид Олимҷон баргузор мегардад.

 

Гурӯҳи эҷодии театриТоҷикистон барои тамошобинони самарқандӣ ду спектакл овардаанд-спектакли бачагонаи "Бузаки ҷингилапой” ва асари драматурги ӯзбек ва шоир Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ "Ҳилаи Майсара”.

 

Режиссёр-коргардони спектаклҳои номбурда, артисти Хизматнишондодаи Ҷумҳурияти Тоҷикистон Шавкат Халилов буда, барои спектакли "Ҳилаи Майсара” либретторо С.Абдулло ва Н.Муҳаммедовҳо навиштаанд, гӯён хизмати матбуотии Вазорати маданияти Тоҷикистон хабар мерасонад.

 

Фасли баҳори соли оянда бошад, ҳунарпешагони ӯзбекистонӣ дар республикаи бародарӣ ба сафари эҷодӣ мераванд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий