» » » Дар Донишгоҳи Давлатии Самарқанд маркази нави мадании Ҳиндустон кушода шуд


Дар Донишгоҳи Давлатии Самарқанд маркази нави мадании Ҳиндустон кушода шуд

Дар Донишгоҳи Давлатии Самарқанд маркази нави мадании Ҳиндустон кушода шудДар факултаи дастурҳои фаннии байналхалқии Донишгоҳи Давлатии Самарқанд дар ҳамкорӣ бо даргоҳҳои бонуфузи олам дар шакли 2+2,180 нафар донишҷӯён таълим мегиранд. Яъне талабагон агар ду соли мӯҳлати хониши бакалавриро дар Самарқанд гузаронанд, ду соли боқимондаро дар мамлакати хориҷ мегузаронанд.

 

Аз ин рӯ, санаи 7-октябри соли равон Сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Сантош Джа дар ДД Самарқанд шуда, бо рафти хониши ин маскани илму маърифат шинос шуд.

 

Дар доираи ташрифи хеш сафир дар маросими кушодашавии маркази маданӣ-таълимии Ҳиндустон иштирок кард.

 

Тибқи маълумоти хизмати матбуотии донишгоҳи мазкур сафир бо шароиту имкониятҳои маркази навташкил шинос шуда, қайд намуд, ки ин иншоот баҳри минбаъд ҳам мустаҳкамтар намудани робитаҳои дӯстӣ байни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва давлати Ҳиндустон хизмат мекунад.

 

Инчунин дар рафти ташриф ҷонибҳо оид ба хониши донишҷӯён, ҷории технологияҳои инноватсионӣ, таълим гуфтушунид бурда, пешниҳодҳои муфидро ба миён гузоштанд.

 

Дар хотимаи вохӯрӣ сафири давлати ҲиндустонСантош Джа дар Ӯзбекистон ва ректори ДД Самарқанд Рустам Холмуродовҳо оид батайёр намудани мутахассисони бомаҳорат, шарикии ҷонибайн ҳуҷҷатҳои муҳимро имзо гузоштанд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий