» » » ПУРСИШИ ИҶТИМОӢ ДАР БОРАИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР НЮ-ЙОРК


ПУРСИШИ ИҶТИМОӢ ДАР БОРАИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР НЮ-ЙОРК

ПУРСИШИ ИҶТИМОӢ ДАР БОРАИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР НЮ-ЙОРКПУРСИШИ ИҶТИМОӢ ДАР БОРАИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР НЮ-ЙОРК

 

Иқдом видео-пурсиши ширкаткунандагони Боғи марказии Ню-Йоркро фаро мегирад, ки аз ҷониби блогер-хабарнигорон таҳти мавзӯи хабардор будани меҳмонон ва сокинони мегаполиси Амрико дар бораи Ӯзбекистон, аз он ҷумла шаҳри Бухоро, мавқеи ҷуғрофӣ ва ҷойҳои ҷолиби диққат, таърих ва мероси маънавии он, маданият ва санъати халқи Ӯзбекистон гузаронда шудааст.Ба пурсидашудагони бо мамлакатамон шиносу ношинос дар бораи Ӯзбекистон ва иқтидори бузурги сайёҳии он маълумоти муфассал дода мешавад. Ҳавасмандгардонии дилписанди суҳбат туҳфаҳо аз Бухоро, китобчаҳои «Даҳ сабаби ба Ӯзбекистон ташриф овардан», инчунин дастури дар шакли варақаи боздиди бинобар расмӣ гардондани визаи электронӣ ба Ӯзбекистон махсус тайёркардашуда гардиданд.
Иқдом дар байни ҷомеаи Ню-Йорк шавқу рағбати калон пайдо кард. Матолиби видеоии дар шабакаҳои иҷтимоии «Fa-cebook», «Instagram», «Telegram» ва дар сомонаи видеохостингии «You-tube» ҷойгиргардидаро мардуми зиёд тамошо карданд.
Бинобар ақидаи мусоҳибон, баргузор намудани чунин иқдом, бешубҳа, ба баланд бардоштани хабардории ҷомеаи хориҷӣ оиди ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

АА «Дунё»,
НЮ-ЙОРК.

Комментариев: 0
Добавить комментарий