» » » Зиндагии“бе рӯй”: дар Самарқанд барои ҷарроҳии бачаи 7-сола, ки рӯяш сӯхтааст, маблағ ҷамъ карда мешавад


Зиндагии“бе рӯй”: дар Самарқанд барои ҷарроҳии бачаи 7-сола, ки рӯяш сӯхтааст, маблағ ҷамъ карда мешавад

Зиндагии“бе рӯй”: дар Самарқанд барои ҷарроҳии бачаи 7-сола, ки рӯяш сӯхтааст, маблағ ҷамъ карда мешавадДар шабакаҳои иҷтимоӣ ва гурӯҳҳои самарқандиёне, ки дар Facebook-андмуроҷиатномабарои расонидани ёрии амалӣ барои сокини ноҳияи Ҷомбойи вилояти Самарқанд Бахтиёри 7-сола дарҷ гардидааст.

 

Писарак рӯй надорад. Вақте, ки Бахтиёр 11-моҳа буд, хонаашон оташ гирифта, қисми рӯю муйи сари ӯ батамом сӯхта буд. Ҳозир Бахтиёр 7-сола аст ва то вақти имрӯз ба ӯ якчанд маротиба дар давлатҳои Корея ва Ҳиндустон ҷарроҳӣ (қисман биннӣ, лабашро бо ҷарроҳӣ пайдо карданд) кардаанд.

 

Акнун боз вақти он расид, ки давоми ҷарроҳиро дар мамлакати Корея гузаронанд.

 

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ яке сокинони шаҳр Руслан Шодибоев чунин менависад:

 

-" Тасаввур кунед, инсон дар чунин ҳолат на ба кӯча баромада метавонадва на дӯсту рафиқ дорад”.

 

Тибқи фикри Руслан Шодибоев волидони Бахтиёр-Самандар ва Шоҳида шаҳрвандони оддӣ буда, боз ду нафар фарзанд доранд. Падари писарак барои кор ба Қазоқистон меравад ва он ҷо низ ин қиссаро фаҳмида ашхосе пайдо мешаванд, ки мехоҳанд ба ин оила ёрӣ расонанд.

 

Дар мамлакати Корея бошад, ба номи писарак хазинакушода шудааст.

 

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфта мешавад, ки писарак хеле донояк аст, ҳар хел шириниҳо ва бозичаҳоро дӯст медорад. Ба ӯ аз тарафи давлати мо барои маъюбиаш 400 ҳазор сӯм нафақа медиҳанд.

 

Суроғаи ӯ деҳаи Охунбобоеви ноҳияи Ҷомбойи вилояти Самарқанд аст.

 

Бо оила тавассути шабакаи Facebookметавонед дар тамос бошед.

Комментариев: 0
Добавить комментарий