» » » Дар диспансери кардиологӣ корҳои реконструксионӣ дар авҷ аст


Дар диспансери кардиологӣ корҳои реконструксионӣ дар авҷ аст

Тибқи фармоиши Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз санаи 19-декабри соли 2018 ва дар асоси дастури инвеститсионии соли 2019 дар диспансери кардиологии вилоят корҳои реконструксионӣ, сохтмонӣ идома доранд.

 

Дар муассисаи мазкур барои қабул ва муолиҷаву равуои якбораи 100 бемор бинои нав бо бунёди 50 ҷойи муолиҷавии доимӣ сохта шуд. Бинои сеошёнаи диспансери номбурда низ пурра аз таъмири капиталӣ бароварда шуд.

 

Барои бурда шудани корҳои сохтмонӣ, таъмирии мазкур аз буҷаи давлатӣ 11 миллиарду 68 миллион сӯм маблағ ҷудо карда шуда, 9 миллиарду 924 сӯми он, аллакай, азхуд карда шудааст.

То вақти имрӯзи соли равон корҳои васлкунӣ-сохтмонӣ ба маблағи 10 миллиарду 500 сӯм иҷро карда шудаанд.

 

Ҳамин тавр, бе муболиға метавон гуфт, ки диспансери кардиологии Самарқанд куллан тарҳи нав гирифта, ба бинои нави дорои шароитҳои замонавӣ табдил ёфтааст.

 

Минбаъд беморон дар бинои нави замонавӣ метавонанд аз хизмати шифокорони ҳозиқ пурра баҳраманд шаванд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий