» » » “Ҳокимон бояд намуна шаванд” – Эркинҷон Турдимов оиди ҳамкорӣ бо ВАО


“Ҳокимон бояд намуна шаванд” – Эркинҷон Турдимов оиди ҳамкорӣ бо ВАО

“Ҳокимон бояд намуна шаванд” – Эркинҷон Турдимов оиди ҳамкорӣ бо ВАО"Ҳокимон бояд намуна шаванд” – Эркинҷон Турдимов оиди ҳамкорӣ бо ВАО


 

Ҳокими вилояти Самарқанд сенатор Эркинҷон Турдимов баъди иштирок ба ҷаласи бисту чоруми сенат ба журналистон интервю дод.

– Дар мамлакате, ки имрӯз аз нав рушд ва ривоҷ ёфта истодааст мавқеи ВАО хеле муҳим. Бо воситаи онҳо дар тамоми ҷабҳаҳои мамлакатамон озодӣ ва шаффофӣ таъмин мегардад. Бояд хотиррасон намуд, ки рӯзи 22-юми ноябри соли ҷорй дар ҷамъомад Президенти муҳтарамамон оиди ВАО сухан ронда, матбуот оинаест, ки фаълояти моро акс мекунад, мо нисбати ин оина дар тӯли дуру дароз сарфи назар кардем гӯён оиди масъалаи мазкур вазифа ва равияҳои алоҳида супорида буд. Имрӯз раиси Сенат низ эътибори моро ба чунин масъала нигаронид. Тан гирифтан ҷоиз, ки имрӯз мо ба ВАО, умуман ба халқ ва баромадҳои шаҳрвандон, ба эътирозҳо эътибор надодани мо, бефарқ нигоҳ кардан ба камбудиҳо дар баъзе ҳолатҳо шудани муносибатҳои дурушт низ пӯшида нест.

– Имрӯз мо шаҳрвандонро гӯш карда, дарди онҳоро омӯхтанамон лозим. Президенти муҳтарамамон чунин принсипро давом дода истодааст. Мо аз ин сабоқ гирифта, ҷабҳаи мазкурро ривоҷ доданамон лозим мешавад .
Хусусан ҳокимон бояд намунаи ибрат шаванд, мулоқот бо халқ ва бо ВАО ҳамкориро дуруст ба роҳ монданашон лозим.

– Камбудиҳо бисёр. Чӣ қадар талх набошад, ҳақиқатро тан гирифта, бисёртар бо ВАО мулоқот гузарониданамон лозим аст.
Дуруст. Мо оиди чунин масъала равияҳоро интихоб кардаем ва бо чунин равия фаъолият бурданро таъмин мекунонем. Аз фурсат истифода бурда, ба тамоми ВАО муроҷиат намуда гуфтаниям, ки ба ошкорӣ ва шаффофӣ ҳамеша тайёрем.

Комментариев: 0
Добавить комментарий