» » » «ОВОЗИ ТОҶИК» – МИНБАРИ РОЗУ НИЁЗИ МАРДУМ


«ОВОЗИ ТОҶИК» – МИНБАРИ РОЗУ НИЁЗИ МАРДУМ

«ОВОЗИ ТОҶИК» – МИНБАРИ РОЗУ НИЁЗИ МАРДУМ«ОВОЗИ ТОҶИК» – МИНБАРИ РОЗУ НИЁЗИ МАРДУМ


Бо ташаббуси маъмурияти Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишери Навоӣ ва гурӯҳи эҷодии "Мурувват” бахшида ба 95-умин солгарди рӯзномаи "Овози тоҷик”суҳбати мизи гирд баргузор гардид. Дар он олимону донишмандон, устодони донишгоҳҳо, кормандони ҳайатҳои дипломатии Тоҷикистону Эрон, журналистон, донишҷӯён, фарзандону пайвандони сардабирон ва кормандони собиқи ин рӯзнома ширкат карданд.
Сардабири "Овози тоҷик” Шерпӯлод Вакилов зимни ироаи сухани муқаддимавӣ аз он ёдовар шуд, ки ин рӯзнома 25 августи соли 1924 бори нахуст дар шаҳри Самарқанд интишор ёфтааст. Сонӣ то соли 1991 бо номҳои мухталиф ба чоп расидааст. Ҳоло "Овози тоҷик” нашрияи палатаҳои Олий Маҷлис ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад.


Устоди бузургвор Садриддин Айнӣ аз аввалин таъсисгарони рӯзномаи "Овози тоҷик” мебошанд. Бобоҷон Ғафуров низ дар пешрафти ин рӯзнома нақши муассир бозидааст. Ба рӯзнома солҳои зиёд як гурӯҳ фидоиёни миллату Ватан сардабирӣ кардаанд, мухбирони он бо маводи гуногуну ҷолиб саҳифаҳои "Овози тоҷик”-ро рангин намудаанд. Бешак, заҳматҳои онҳо дар қалби ҳар яки мо барои ҳамеша маъво гирифтааст. Дар айни ҳол низ кормандони рӯзнома талош ба харҷ медиҳанд, ки муштариён аз маводи пурмуҳтаво ва ҷолиб бархурдор бошанд.


– Ин рӯзнома даҳсолаҳо таҷассумгари розу ниёз ва орзуву ормонҳои мардуми тоҷик буд ва ҳоло низ ин вазифаи пурмасъулиятро идома медиҳад. "Овози тоҷик”-ро дар Тоҷикистон аз мактабҳои бонуфузи журналистика меҳисобанд. Он дар мактаби худ барои ҳар ду кишвар шогирдони зиёд тарбия намудаву ба камол расонидааст. Ҳувайдост, ки мавқеи рӯзнома дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон беш аз пеш мустаҳкам мегардад. Умедворам, ки "Овози тоҷик” минбаъд низ бо матолиби хубу гуворо муштариёни худро шод мегардонад ва дар таҳкими робитаҳои миёни Ӯзбекистону Тоҷикистон саҳми арзандаашро мегузорад, – изҳор кард сафири томулихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ.


Ноиби ҳокими вилояти Самарқанд Рустам Қобилов иброз намуд, ки рӯзномаи «Овози тоҷик» дар радифи рӯзномаи «Овози Самарқанд» муштариёни хеле зиёд дорад. Ҳокимияти вилоят низ талош ба харҷ медиҳад, ки сафи муштариёни он дар ин вилоят беш аз пеш афзоиш ёбад.
Дар ин суҳбати мизи гирд бо камоли эҳтиром ба ҳайати эҷодии «Овози тоҷик» «Ифтихорнома»-и ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимовро месупорам. Бовар дорам, ки минбаъд низ мо аз наздик ҳамкориҳоро идома медиҳем ва рӯзнома дар бораи дигаргуниҳои бузурге, ки дар вилояти Самарқанд рух медиҳанд, мақолаву гузоришҳои ҷолиб нашр хоҳад кард.


– Фикр мекунам, ки 95 сол муддати хеле тӯлонист ва тайи ин муддат дастандаркорони "Овози тоҷик” вазифаи пурмасъулияту муҳим ва душвореро бар дӯш доштанд. Онҳо ҳамеша ба мардум нури маърифату зиё паҳн менамоянд. Ин рӯзнома ғайр аз он ки тарғибгари забони ноби форсии тоҷикӣ мебошад, ҳамзамон васлгари ҳамаи қавмҳои форсигӯи минтақа низ ҳаст. Саъй бояд кард, ки он садсолаҳои дигар интишор ёбад ва дар тарғиби забону фарҳанг мондагор хидмат кунад, – гуфт намояндаи сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон оқои Муртазо Боқирӣ.


Иштирокчиёни ин мизи гирд табрикоти видеоии Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабеки Мурод, Ҳунарманди шоистаи Ӯзбекистон Раъно Шарипова, сардабири рӯзномаи "Овози Самарқанд” Баҳодур Раҳмонов, сардабири рӯзномаҳои "Зарафшон” ва "Самаркандский вестник” Фармон Тошевро бо завқу шавқи беандоза тамошо карданд.


– Ман устодони зиёди санъати ӯзбек — Комилҷон Отаниёзов, Ҷӯрахон Султонов, Фахриддин Умаров, Таваккал Қодиров, Неъматҷон Қулабдуллоев, Мукаррама Турғунбоева, Ҳалима Носирова, Барно Исҳоқова, Галия Измайлова ва дигаронро барои худ устод мехонам ва аз онҳо дуо гирифтаам. Мисли ҳамин дар рӯзномаи "Овози тоҷик” шахсиятҳое кор кардаанд, ки барои тамоми журналистони ду кишвар ҳақи устодӣ доранд. Номи онҳо дар байни мардуми Ӯзбекистону Тоҷикистон ҷовидонӣ хоҳад монд, — боре гуфта буд ҳофизи маъруф Ҷӯрабек Муродов.
Дар суҳбати мизи гирд ноиби декани факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон Юсуф Ҳамдам таърихи матбуоти тоҷикии Ӯзбекистонро барои ҳозирин ёдовар шуд. Вай гуфт, ки бо ба хотир овардани ин мавзӯъ рӯҳи он устодонеро шод хоҳем кард, ки бевосита дар рӯзномаи "Овози тоҷик” машғули кор буданд.


– "Овози тоҷик”-ро ман ба ҷаҳоннамое қиёс мекунам, ки тоҷикони ҷумҳурии мо аз саҳифаҳои он матолиби марбут ба илму фарҳанг, шеъру адаб ва гузоришҳо дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиро мехонанд. Ғайр аз ин, як идда шахсиятҳое дар ин рӯзнома кор кардаанд, ки маҳз дастпарварони донишгоҳи мо мебошанд. Онҳо дар рушди журналистикаи муосири тоҷику ӯзбек нақши муассир бозидаанд. Ҳоло шогирдони зиёди мо дар шаҳрҳои Тирмизу Самарқанд, Бухорову Хуҷанд дар риштаҳои хабарнигорӣ, садову симо, нашрияҳои интернетӣ кору фаъолият мекунанд, – иброз намуд Юсуф Ҳамдам.


Писари яке аз сардабирони собиқи рӯзномаи "Овози тоҷик” Абдулло Ҳакимов – Зафар Ҳакимов ба иштирокчиёни мизи гирд гуфт, ки маҳз ба василаи ин рӯзнома вай бо адибони барҷастаи тоҷику ӯзбек Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар, Мирзо Турсунзода, Мақсуд Шайхзода, Ғафур Ғулом ва намояндагони аҳли қалами дигари ин ду халқ ошноӣ пайдо кардааст.


Шӯхиву базлагӯиҳо ва шеъру ғазалхониҳои ин адибонро дида, хурду калон лаззат мебурданд. Воқеан, рӯзнома даргоҳи мӯътабарест, ки адибон ва журналистони зиёдро гирдиҳам овардааст ва як идда ҷавононро дар риштаи рӯзноманигорӣ омӯзишу парвариш додааст.
Ба гуфтаи котиби масъули Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон Шӯҳрат Рӯзиев ин рӯзнома дар маҷмӯъ инъикосгари таъриху фарҳанги ду халқи бародар мебошад. Баъд ӯ аҳли қалами рӯзномаро ба муносибати 95-солагии таъсиси он табрик кард ва ба сардабир Шерпӯлод Вакилов "Ифтихорнома”-и Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистонро супурд.


– Ин суҳбати мизи гирд дар арафаи ҳамоиши сарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Ин нукта низ маънои рамзӣ дорад. Вақте ки байни ин кишварҳо ҳамкориҳо ривоҷ меёбанд, дӯстиву рафоқат беш аз пеш мустаҳкам мешавад, амнияту субот таъмин мегардад, чунин фазо барои журналистон илҳоми тоза мебахшад. Дар ин росто хидматҳои бузурги "Овози тоҷик”-ро намешавад нодида гирифт, – гуфт корманди собиқадори рӯзномаи "Тошкент оқшоми” Солеҳ Ёқубов.


Доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳасан Қудратуллоев гуфт, ки 55 сол боз бо ин рӯзнома ҳамкорӣ мекунад. Мақолаҳои зиёдаш дар саҳифаҳои он дарҷ ёфтаанд. Ба гуфтаи ӯ бори аввал соли 1960 ба идораи ин рӯзнома омадааст. Баъди якуним моҳи ҳамкорӣ ӯро барои кор ба вилояти Фарғона фиристоданд.


Қобили ёдоварист, ки чанд муддат кормандони рӯзнома дар шароити вазнин низ кор кардаанд. Онҳо ҳамеша фидоиёни кори худ буданд. Раҳматҷон Норов, Шавкат Ниёзӣ, Мӯҳсин Умарзода, Ҷонибеки Қувноқ аз зумраи ҳамон фидоиён маҳсуб меёбанд, ки дар ҳар гуна шароиту вазъият барои пешрафти кори рӯзнома, тарғиби забону фарҳанги миллӣ заҳмат кашидаанд.


Дар ҷараёни суҳбат фарзандони Шавкат Ниёзов – Фирӯза ва Дилором, духтари Тоҳир Олимбоев – Нодира Олимбоева зимни суханронӣ аз он ифтихор карданд, ки падарашон солҳои зиёд дар ин рӯзнома босамар ва пурмаҳсул меҳнат кардаанд.


Яке аз таъсисгарони ин мизи гирд Элмира Зайнуддинова изҳор кард, ки дар матбуоти даврӣ 42 сол фаъолият кардааст. Баъди ба нафақа баромадан ба ифтихори номи модараш гурӯҳи эҷодии "Мурувват” ташкил намуд, ки волонтёрҳои худро дорад. Вай мегӯяд, ки модараш дар синни 90 ин дунёро тарк намудааст ва ҳамаи чорабиниҳое, ки баргузор мекунад, ба ифтихори шод намудани рӯҳи модараш мебошад.


– Ман ба забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ эҷод мекунам. Рӯзҳоеро паси сар намудаам, ки ҷиддан эҳсоси камбуди молӣ мекашидам. Ҳамон вақтҳо мақолаҳои зиёди маро рӯзномаи "Овози тоҷик” тарҷумаву нашр мекард ва маро аз вазъияти сахти молӣ наҷот медод. Барои ҳамин хостам, ки ба муносибати 95-солагии таъсиси "Овози тоҷик” ин ҳамоишро роҳандозӣ намоям. Дар ин ҷода маъмурияти китобхона маро дастгирӣ кард. Банда дар баробари ходимони рӯзномаи "Овози тоҷик” меҳмонҳоро низ ба ин чорабинӣ даъват кардам, – мегӯяд Элмира Зайнуддинова.


Дарвоқеъ, вақте ки баъзе ҳамзабононамон дар мавсими обуна чандин баҳона пеш меоранд ва ҳаракат мекунанд, ки аз обуна ба рӯзномаи "Овози тоҷик” канор бираванд, даст ба чунин кори хайр задани як эҷодкори ғайритоҷики шаҳри Тошканд ва гурӯҳи эҷодии "Мурувват”-и ӯ сазовори таҳсину офарин мебошад.


Ба чорабинӣ Ҳунарпешаи шоистаи Ӯзбекистон Ҳуррият Исроилова бо сурудҳояш руҳи идона бахшид.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори "Овози тоҷик”.

Комментариев: 0
Добавить комментарий