» » » Таҷлили рӯзи ногиронон дар шаҳри Самарқанд


Таҷлили рӯзи ногиронон дар шаҳри Самарқанд

Рӯзи ашхоси ҳаракати ҷисмониашон маҳдуд дар толори барҳавои театри драма ва мусиқии вилояти Самарқанд ба таври васеъ қайд карда шуд.

 


Басуханбаромадагон, аз ҷумла Қаҳрамони Ӯзбекистон Ҳасан Нормуродов, раиси шӯъбаи вилоятии ҷамъияти ногиронон, ҷонишини ҳокими вилоят ва чанде дигарон дар бораи ғамхории ҳукумату давлат, дода шудани имкониятҳои калон барои ашхоси ҳаракати ҷисмониашон маҳдуд дар Ӯзбекистон ва имтиёзҳои беадад барои онҳо истода гузаштанд.


Аз ҷумла қайд гардид, ки имрӯз дар вилояти Самарқанд 73902 ҳазор нафар ашхоси ҳаракати ҷисмониашон маҳдуд зиндагонӣ карда, соли равон ба 1328-нафар аробачаи махсус, ба 387-нафар шаҳрвандон гӯшмонаки шунавоӣ ва барои 658-нафар шахс, асо ва асобағал дода шуд.


Илова барои 585-нафар шахс воситаҳои гуногуни техникии реабилитатсионӣ, барои 1128-нафар шаҳрвандон роҳхат ба сиҳатгоҳҳо ва барои 5500-нафар шахс рохҳат ба шифохонаҳо дода шудааст.

Ба ҷои бинои кӯҳнаву фартути хонаи "Саховат” бинои нави замонавӣ ва дар ноҳияи Ургути вилоят хонаи "Мурувват” барои 300-нафар шахс ба истифода супорида шуд.


Дар маркази реабилитатсионӣ бошад, аз ҳисоби грант таҷҳизоти нави тиббии МРТ гузошта шуд.


Ҳамин тавр, дар рӯзи ашхоси ҳаракати ҷисмониашон маҳдуд ба ашхоси ҳаракати ҷисмониашон маҳдуд 10-то аробачаи махсус, аппаратҳои шунавоӣ ва асоҳову асобағал дода шуда, аз тарафи ҳомиён ва шаҳрвандони саховатманд маблағи зиёд низ ҳадя гардид.

 

Шахло Ахророва

 

Комментариев: 0
Добавить комментарий