» » » Дар ДД Самарқанд дар мавзӯи “Муаммоҳои биёбоншавӣ, динамика, баҳодиҳӣ ва ҳалли он” конференсияи байналхалқии илмӣ-амалӣ баргузор гардид


Дар ДД Самарқанд дар мавзӯи “Муаммоҳои биёбоншавӣ, динамика, баҳодиҳӣ ва ҳалли он” конференсияи байналхалқии илмӣ-амалӣ баргузор гардид

Дар конференсияи байналхалқии илмӣ-амалие, ки дар ДД Самарқанд дар мавзӯи "Муаммоҳои биёбоншавӣ, динамика, баҳодиҳӣ ва ҳалли он” гузаронида шуд, ба муаммоҳои мавҷудаи имрӯзаи экологӣ, таъсири инсон ба табиат, ҳалли муаммоҳои башарИгардии масъалаҳои номбурда ва ҳифзи муҳити атрофу ғайра бахшида шуд.
 

Дар конфронси байналхалқии мазкур олимон, мутахассисони соҳа аз давлатҳои Франсия, Италия, Испания, Хитой, Россия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Украина, Непал ва Ӯзбекистон иштирок карда, дар рафти маҷлисҳои ҷудогона оид ба масъалаҳои дигаршавии иқлим дар курраи замин, масъалаҳои нестшавии наботот ва хушкшавии баҳри Арал, бартарафи муаммоҳо тавассути ҷории технологияҳои нави замонаӣ маърӯза намуданд.
 
Шахло Ахророва
Комментариев: 0
Добавить комментарий