» » » Ободии маҳалла-ободии Ватан


Ободии маҳалла-ободии Ватан

Дар яке аз ҳафт гузарҳои маҳаллаи Равонаки ноҳия Самарқанд ду сол муқаддам  бинои нави "Чойхонаи Нурониён” ба тариқи ҳашари умумӣ бунёд карда шуда, дар назар дошта шудааст, ки соли равон ҳавлии назди бино ва атрофи он бо панҷараҳо махкам карда мешавад. Ҳавзи пешина баъди итмоми корҳои таъмирӣ бо об пур карда шуда, ин макон ба гӯшаи сарсабзу хуррами гузар табдил меёбад ва минбаъд иду тадбирҳои миллӣ дар ин манзил гузаронида мешаванд.



Шӯрои шаҳрвандони маҳаллаи "Равонак”-и шаҳри бостонӣ яке мавзеъҳои куҳантарини шаҳри қадим буда, соли гузаштаи 2019 корҳои ободониву сохтмонӣ ҳам дар маркази маҳалла ва ҳам дар гузарҳои он оғоз гардида, бо кӯмаки тадбиркорону соҳибкорони мавзеъ ва дастгирии фаъолон намуди замонавиро касб менамояд.

 

Масҷиди маҳалла бошад, таърихи зиёда аз 130-сола дошта, имрӯз бо саъю кӯшиши сокинон, фаъолони маҳалла корҳои таъмирӣ-тармимӣ бурда шуда истода, дар шафати масҷид хонаи маданият бо утоқҳои махсус барои ҷавонон, барои варзишгарон утоқи шоҳмот, китобхона ва чойхонаи нурониён бунёд мегардад.

 

Қобили зикр аст, ки солҳои охир дар вилояти Самарқанд дар самти ободониву бунёдкорӣ корҳои зиёд амалӣ карда шуда, шаҳру навоҳи деҳу манзилҳои зисти мардум сарсабзу хуррамтар мегардад.

 

Ҳамин тавр, дар шӯрои шаҳрвандони маҳаллаи "Равонак”-и ноҳияи Самарқанд низ корҳои бунёдкориву азнавсозӣ идома дошта, роҳҳо мумфарш-асфалтпӯш карда мешаванд, чароғакҳои равшанӣ дар кӯчаи калони нақлиётӣ гузаронида шуда, бо сарварии раиси навинтихобгардида, манзилҳои зиёд обод мегарданд.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий