» » » Дар кӯчаи Гулободи шаҳри Самарқанд канализатсия мегузаронанд


Дар кӯчаи Гулободи шаҳри Самарқанд канализатсия мегузаронанд

Дар кӯчаи Гулободи шаҳри Самарқанд канализатсия мегузаронанд


Дар асоси дастури давлатии сохтмони роҳ ва ободонии маҳаллаҳо кӯчаи Гулободи шаҳри Самарқанд оғоз аз моҳи августи соли 2019 пурра аз нав таъмир карда шуда истодааст.

Корҳои сохтмониро корхонаи воҳиди ягонаи "Каттақурғон йӯл қурилиш ва таъмирлаш”ва "New Tech Cамарқанд” бурда истода, алҳол корҳои гузаронидани қубурҳои канализатсионӣ, обиву гази табиӣ, хати барқӣ бурда шуда истодаанд.

Чаҳор хонадоне, ки ҳавлиҳояшон каме болои роҳ сохта шуда буд, вайрон карда шуда, аз сари кӯчаи таъмирталаб роҳи пиёдагардон дар як сатҳ сохта мешаванд.

Бари кӯча 15 метрро ташкил дода, дар назар дошта шудааст, ки минбаъд ду тарафи роҳ бо чароғакҳои нави барқӣ равшан карда мешаванд.

 

Ш.Аҳророва 

 

Комментариев: 0
Добавить комментарий