» » » Қаламфури аҷиб: ҳам ширин ва ҳам тунд


Қаламфури аҷиб: ҳам ширин ва ҳам тунд

Дар маъхазҳои таърихӣ оварда шудааст, ки ҳангоми ворид гаштан ба ҳавлии шоир, омӯзгор, гулпарвару маърифатпарвари асрҳои 19-20-ӯм Ориф Гулханӣ дили кас фараҳманду кушода мешавад, зеро гулҳое, ки дар боғи шоир  мерӯянд, ҳам оромбахшу хушранганд ва ҳам  зебову шифобахшу роҳатбахш.

 


Бо гузашти вақт, имрӯз, дар асри 21-ӯм ҳам агар дар ҳавлии ин марди зиё бишавед, дар фасли зимистон аз сарсабзу хуррамии олами наботот ба ваҷд меоед.

 

Ҳини сӯҳбат набераи маърифатпарвар Ориф Гулханӣ, арбоби намоёни ҷамъиятӣ, ки солҳои зиёд дар лавозимҳои масъули вилоятӣ кор карда, дар пешрафти ҳаёти иқтисодӣ, маданӣ-маърифӣ ва сиёсии давлатамон саҳми арзанда гузошта меоянд, Муқимҷон Орифӣ гуфтанд, ки имрӯз дар боғи меросии бобояшон зиёда аз 400-намуди гулҳо парвариш карда шуда, оғоз аз соли 2003-ӯм дар миқёси вилоят аксияи гулдӯстон таҳти шиори "Самарқандро гулпӯш мекунем 1+10” гузаронида мешавад.

 

Қобили зикр аст, ки ҳамасола дар рафти баргузории аксия ҳазорон намуди мухталифи гулҳо ба корхонаву ташкилот, муассисаву идораҳои давлатӣ, боғчаҳои бачагон ва мактаӣҳо ройгон-яъне бепул тақсим карда шуда, Самарқанди фирдавсмонанд ҷамоли мафтункор мегирад .

Ҳангоми дидан кардани гулҳо чашми мо ба растаниҳои зиёду гулҳои ранга аз ҷумла ба ин қаламфури хурдакаки зангуламонанд афтод. Дар бораи хусусиятҳои он ба мо акои Муқимҷон Орифӣ чунин маълумот дода гуфтанд, ки қаламфури зангуламонанд барои Самарқанд, зеро ин растанӣ соли 6-7-ӯм аст, ки  дар боғи Гулханиҳо мерӯяду яке аз дӯстдорони табиату гулҳо аз республикаи Қирғизистон барояшон ҳадя намудааст.

 

Қаламфури хурдакаки зангуламонандро метавон ҳам дар хӯриш ва ҳам дар ҷараёни ороишӣ истифода бурд.

 

Ҳамин тавр, дар давоми суханони хеш Муқимҷон Орифӣ гуфтанд, мехоҳанд, каме ҳам бошад бо ин восита баҳри боз ҳам хушрӯйтару сабзу хуррам гаштани Самарқанд саҳмгузор бишаванд, чунки шаҳри куҳану ҳамеша ҷавонро хело ҳам дӯст медоранд.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий