» » » Қабати болоии хонаҳои 65-ӯм ва 67-ӯми биноҳои серошёнаи воқеъ дар кӯчаи Ӯзбекистон, вайрон карда мешаванд


Қабати болоии хонаҳои 65-ӯм ва 67-ӯми биноҳои серошёнаи воқеъ дар кӯчаи Ӯзбекистон, вайрон карда мешаванд

Ҳанӯз аз аввал хонаҳои 65-ӯм ва 67-ӯми биноҳои серошёнаи дар кӯчаи Ӯзбекистон қад афрохта, дар маркази диққати истиқоматкунандагонаш буд, зеро ин хонаҳо дар ҳудуди таърихӣ ва муҳофизатии давлатӣ сохта шудаанд.



Соли гузашта бошад, дар шафати шӯрои шаҳрвандони маҳаллаи "Ӯзбекистон”-и шаҳри бостонӣ дар тӯли як сол ду бинои калон бинои 5 ва 6 ошёна қад рост кард.

Дар асл бо қарори мақомоти ҳокимияти шаҳрӣ аз санаи 10-майи соли 2017-ӯм таҳти рақами 700-к, ин хонаҳо то 12 метр қад боло карда, сеошёна бояд бошанд.

 

Аммо тавре мебинед, хонаи истиқоматии рақами 67-ӯм 4 ошёна сохта шуда, боми баланд ҳам дорад. Боз як илова, баъди сохта шудан аз рӯйхати коммисияи қабул гузаронида нашуда, кайҳо аҳолӣ ин ҷо истиқомат мекунанд.

 

Ҳоло дар асоси қарори суди иқтисодии вилояти Самарқанд аз санаи 13-январи  соли 2020 ҶДММ "Зафар Шаҳрам Бунёдкор” ваъда додааст, ки аз ҳисоби худ қисми болоии хонаҳоро вайрон карда, ба истиқоматкунандагони зарардида, хонаҳои нав сохта медиҳад.

 

Ёдрас мекунем дар асоси қоидаҳои мавҷуда, баландии хонаҳо дар қисми муҳофизатӣ-таърихии шаҳр аз 15 метр набояд боло сохта шаванд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий