» » » Дар Самарқанд 400 000 дона воситаҳои пиротехникӣ нест карда шуд


Дар Самарқанд 400 000 дона воситаҳои пиротехникӣ нест карда шуд

Нигоҳ накарда ба огоҳӣ ва бурдани корҳои ташвиқотӣ-тарғиботӣ байни аҳолӣ, ашхосе пайдо мешаванд, ки маҳсулотҳои ноқонунии пиротехникиро ба Самарқанд оварда ба фурӯш мегузоранд. Аз ин рӯ, ходимони Садорати Корҳои Дохила бо мақсади пешгирӣ ва мубориза зидди вориди ноқонунии маҳсулотҳои номбурда ба ҳудуд, чораҳои оперативӣ-зудамал бурда, овардани чандеи аз чунин маҳсулотҳоро ба Самарқанд пешгирӣ намуданд.

 

 

400 000 дона маҳсулоти ноқонунии пиротехникӣ, фейерверкҳо дар асоси тартиби муқарраркардашуда, бо иштироки намояндагони идораҳои дахлдор несту нобуд карда шуд.

 

Дар асоси қарори Девони Вазирон ”Оид ба чораҳои мураттаб гардонии гардиши воситаҳои пиротехникӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон” ва бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолчиён ва пешгирӣ, вориду истеҳсол, нигаҳдории маҳсулотҳои ноқонунии пиротехникиро дар республика, истифодаи воситаҳои ноқонунии пиротехникӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ қатъиян манъ карда мешавад.

 

Дар асоси моддаи 185-1-и Кодекс оид ба ҷавобгарии маъмурӣ истеҳсоли ноқонунӣ, тайёр кардан, нагаҳ доштан, кашонидан, фиристодан, истифода бурдан, вориди ғайриқонунӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ё баровардан аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҷалби ҷарима ба миқдори 20 баробари музди кор бо мусодира кардани ашёи қонунвайронкунӣ-базаҳкорӣ ситонида мешавад

Агар вориди ноқонунии воситаҳои пиротехникӣ дар ҳаҷми калон бошад, баъди ҷории ҷавобгарии маъмурӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий