» » » Таълим дар даргоҳҳои олии мамлакатҳои хориҷа чанд пул аст


Таълим дар даргоҳҳои олии мамлакатҳои хориҷа чанд пул аст

Яке талабагони муассисаи умумтаълими шаҳри Самарқанд Илҳом Ҳасанови 17-сола ки, аллакай, ба забони англисӣ пурра ҳарф мезанад ва минбаъд хоҳиши давом додани хонишро дар даргоҳи олии далвати Олмон-Германия дорад, ҳини сӯҳбат ба мо гуфт, ки дар баробари донистани забони англисӣ ӯ бояд курси забони немисиро ҳам аз худ кунад.

 


Ҳамин тавр, ҳазорон нафар ҷавонони ба намоиши таълим в мутахассисии байналмиллалии дар маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд ташкил карда шуда  омада, бо имкониятҳои хониш дар Университетҳои мамлакатҳои Латвия, Литва, Германия, Россия, Хитой, Туркия, Малайзия шинос шуданд.

 

 

Дар маросими ифтитоҳии намоиш депутати Сейми давлати Литва Кесутие Маъсулиос иштирок карда дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки дар мамлакатҳои Аврупо муаммои демографӣ пурзӯр мегардад. Мо бояд ба Университетҳо ҷавононро қабул намоем. Барои ҳамин ҳам  аз дигар давлатҳо талабагонро таклиф карда истодаем.

 

Вакили Университети иқтисодиёт ва маданияти  ЭКАи Латвия Анна Баусова дар сӯҳбат бо мо қайд намуд, ки хониш дар университетҳои Рига дар асоси шартнома хеле қулай буда, нархи дастрасро дорад.

 

Вакилони баъзеи университетҳое, ки бо стэндҳои хеш дар намоиш иштирок доштанд ба мо маълумот доданд, ки он талабагоне, ки забонҳои хориҷиро мукаммал намедонанд, метавонанд, самти хонишро муайян кунанд. Забон ва фанҳо бошад, дар ҷараёни таълим омӯзонида мешаванд. Дар радифи чунин даргоҳҳои олӣ номи баъзеи аз университатҳои мамлакати Хитойро метавон номбар кард.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий