» » » Тадбиркорони ноҳияи Нарпай ба оилаҳои камбизоат 50-тонна орд тақсим карда доданд


Тадбиркорони ноҳияи Нарпай ба оилаҳои камбизоат 50-тонна орд тақсим карда доданд

Ҷавоҳир Худойбердиев, роҳбари корхонаи оилавии "Элегант Барака”-и ноҳияи Нарпай ба оилаҳои камбизоату бемори ноҳияҳои Нарпай, Пахтачӣ, Каттақӯрғон, Иштихон ва Қӯшработи вилояти Самарқанд 50-тонна орд, нони буханка ва 15 ҳазор даста ҳазориспандро тақсим карда дод.

 

Тадбиркорони ноҳияи Нарпай ба оилаҳои камбизоат 50-тонна орд тақсим карда доданд

 

Яке аз беморони маҳаллаи "Халқобод-и ноҳияи Нарпай Нина Ковалёваи 78-сола ҳини сӯҳбат чунин гуфт:

 

-”Аз сабаби беморӣ мана моҳи дуввум аст, ки ман дар хона хобам. Роҳбарон ва ходимони корхонаи оилавии "Элегант Барака”-и ноҳияи Нарпай ба ман 30-кг орд ва 4-то буханка оварда доданд”.

 

Чунин ёрии амалӣ ба оилаҳои дигари камбизот ва мӯҳтоҷони ноҳияҳои номбурда расонида шуд. Дар навбати хеш кӯҳансолон барои ин ёрии амалӣ таббиркорро миннатдорӣ баён карданд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий