» » » Дар Самарқанд 1162-нафар шаҳрвандон зери назорат гирифта шуданд


Дар Самарқанд 1162-нафар шаҳрвандон зери назорат гирифта шуданд

То вақти имрӯз дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон  49 ҳолати гирифторони коронавирус бақайд гирифта шуда, шифокорони ватанӣ барои табобати сирояткардагон тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд. То санаи 23-марти соли равон дар вилояти Самарқанд ягон ҳолати сироят ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

 

Дар Самарқанд 1162-нафар шаҳрвандон зери назорат гирифта шуданд

 

Тибқи маълумоти садорати нигоҳдории тандурустии Самарқанд 1162-нафар шаҳрвандони вилоят, ки аз дигар мамлакатҳо ба назди оилаашон баргаштаанд, ба карантини 14-рӯза гирифта шуданд.

Ҳар як шаҳрвандро шифокорон зери назорат гирифтаанд ва то вақти ҳозир саломатии онҳо қаноатбахш аст.

 

Шахсони аз сафар баргашта аз назорати тиббӣ-тестии коронавируси Covid-19 гузаронида шуда, хушбахтона ашхоси бо ҳарорати баланди тана бақайд гирифта нашудааст.

Барои 570-нафар ҳамшаҳриёне, ки рӯзҳои наздик аз сафар бармегарданд, илова 3 муассиса омода карда шудааст.

 

Дар ин бора хизмати ахборотии садорати вилоятии тандурустии Самарқанд хабар мерасонад.

Комментариев: 0
Добавить комментарий