» » » Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бар зидди коронавирус муборизаи сахт бурда мешавад


Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бар зидди коронавирус муборизаи сахт бурда мешавад

Оғоз аз соати 00.01-и санаи 24-март дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон тартиби сахти огоҳии паҳни инфексияи коронавирус ҷорӣ карда мешавад. Дар ин бора  қарори ҳукумат аз санаи 23-март "Оиди чораҳои иловагии пешгирии паҳни инфексияи коронавирус” дарҷ гардидааст. Қисмҳои асосии ҳуҷҷат аз инҳо иборатанд:

 

Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бар зидди коронавирус муборизаи сахт бурда мешавад


 

Аз сабаби қайди зиёди ҳолати гирифторони коронавирус COVID-19 дар Тошкандшаҳр, ҳаракати нақлиётҳо аз қабили: автобусҳо, микроавтобусҳо, нақлиёти сабукрав, нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавопаймоҳо аз ҳудудҳо ба пойтахт боздошта мешаванд. Ин ҳолат ба пиёдагардон дахл надорад, мегӯянд ходимони СКД.

 

Омаду рафт ба Тошканд барои сокинони муқими шаҳр, ки қайд дар ҳуҷҷат доранд, барои ходимони ташкилотҳои давлатӣ ва муассисаҳо, ки дар қайди вилояти Тошканданд ( барои ходимони ташкилотҳои ғайридавлатӣ иҷозати кордиҳанда лозим мешавад  ) ва ашхоси боркаш иҷозат дода мешавад.

 

Шахсони ба Тошканд равуокунанда, ҳатмӣ аз назорати тиббии ташхиси коронавирус гузаронида мешаванд.

Ҳар як воситаи нақлиётии маҳаллии боркашони аз хориҷа ояндаву раванда ба Тошканд ва ё умуман ба Ӯзбекистон, ба таври ҳатмӣ  дезинфексия карда мешаванд.

Дар ҳолати кунуна аз рӯи зарурият нуктаҳои стасионарии иловагии блок-постҳои хизмати роҳӣ-патрулӣ ташкил карда мешаванд.

 

Кори ҳамаи бозорҳо дар Тошканд, Қорақалпоғистон ва дигар вилоятҳо ба ғайр аз бозорҳои деҳқонӣ боздошта мешавад.

Дар мадди аввал дар назди дари баромади бозорҳои калони деҳқонии Тошканду баъдан зина ба зина дар Нукус, марказҳои савдоии ноҳия ва шаҳриву вилоятҳои дигар (супермаркет ва гипермаркетҳо) ҳатмӣ бояд тепловизор ва воситаҳои антисептикӣ гузошта шаванд.

 

Агар истифодабарандагони хизмати шабакаҳои интернетӣ ваалоқаи телефонӣ дарбадали ду моҳҳаққи хизмати алоқаро бо сабаби муайян пардохта натавонанд, хизмати мазкур боздошта намешавад.

 

Кумитаи давлатии андоз дар ҳамкорӣ бо бонки Марказӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ дар бадали як рӯз бояд чораҳои иловагии васеъ кардани воситаҳои пардохти қарзро муайян намоянд.

 Қабули шаҳрвандон ва тадбиркорон дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо ва дигар намуди хизматрасонии давлатӣ аз рӯи имконият ба ҳолати онлайнӣ гузаронида мешаванд.

 

Ҳамаи ташкилоту корхонаҳо, новобаста аз тарзи итоати идоравӣ ва шакли ташкилӣ-ҳуқуқӣ дар асоси тартиби қонунӣ бояд ба таътили меҳнатӣ фиристода шаванд ва кори боқимондаро бо тартиби масофавӣ гузаронанд.

 

Ҳамаи корхонаву ташкилотҳо ба таври ҳатмӣ бояд истифодаи ниқобро аз шахсони рафтуойкунанда талаб кунанд ва муайянкунии ҳарорати бадани коргаронро ба роҳ монанд. Дар ҳолати баланд будани ҳарорати бадани шахс ба таври фаврӣ бояд ба мақомоти нигоҳдории тандурустӣ хабар расонида шавад.

 

Вазорати молия вабонки Марказӣ дарҳамкорӣ бо Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнат бо мақсади роҳ надодан бапаст гардидани дараҷаи иштиғол-бо кортаъмин будани аҳолӣ, бояд музди корро дар вақти муайян ба коргарон ваашхоси дар меҳнатбуда расонанд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий