» » » Бо мақсади пешгирии паҳни коронавирус сарҳадҳо муваққатан махкам карда мешаванд


Бо мақсади пешгирии паҳни коронавирус сарҳадҳо муваққатан махкам карда мешаванд

Тибқи маълумоти хизмати ахборотии Садорати Корҳои Дохилаи вилоят манъ карда шудани равуо, барои шаҳрвандони вилоятҳои Бухоро, Навоӣ, Хоразм, Қашқадарё, Сурхондарё ва Республикаи Қароқалпоқистон амал карда, чунин чорабинӣ бо мақсади пешгирии паҳни инфексияи коронавирус дида мешавад.

 

Бо мақсади пешгирии паҳни коронавирус сарҳадҳо муваққатан махкам карда мешаванд

 

Инспекторони ППС аҳолиро дар бораи вазъияти кунуна маълумот расонида, ба хонаҳояшон баргардонида истодаанд. Барои нақлиёти боркаш ва транзитӣ ин чораҳо дахл надоранд.

Ходимони маркази вилоятии санитарӣ-эпидемиологӣ нақлиётҳои ба вилоят аз ҳудудҳо равуокунандаро мунтазам дезинфексия карда истодаанд.


Инспектори  калони хизмати матбуотии Садорати Корҳои Дохилаи вилоят Хуршед Сафаров ҳини сӯҳбат дар бораи вазъияти имрӯза оид ба равуои сарҳадҳо чунин гуфт:


-" Мо миннатдории худро ба ҳамдиёронамон баён мекунем, зеро ҳангоми эълони манъ карда шудани равуо ба вилоятҳо бо мақсади пешгирии паҳни коронавирус, аҳолӣ ин ҳолатро дуруст фаҳмида, аз равуо ба вилоятҳо худдорӣ намуда истодаанд. Дар навбати хеш мо ба ҳамаи ронандагони автонақлиётҳо ва мусофирон риоя кардан ба қоидаҳои гигиенро фаҳмонда, илтимос карда истодаем, ки ниқобҳои тиббиро ба таври доимӣ баста гарданд ”.


Дар ин бора шабакаи daryo хабар мерасонад.

Комментариев: 0
Добавить комментарий