» » » Аз “соҳибкор“ 2 ҳазор то ниқоб мусодира карда шуд


Аз “соҳибкор“ 2 ҳазор то ниқоб мусодира карда шуд

Дар ноҳияи Каттақӯрғони вилояти Самарқанд марди ба таври ноқонунӣ бе ҳуҷҷат бо фурӯши доруворӣ шуғл варзида, дастгир карда шуд. Ин ҳолат ҳангоми гузаронидани тадбирҳои назоратӣ дар бозори ҶДММ "Каттақӯрғон шаҳар деҳқон бозорӣ” муайян карда шуд. Аз ин рӯ, якҷоя бо ходимони андози вилояти Самарқанд аз шаҳрванд Ж.З. 1947-то ниқоби тиббӣ, 43-то дастпӯшак, 164-шишаи спирти этилӣ мусодира карда шуд. Зарар аз фурӯши маҳсулоти тиббии ноқонунӣ ба 4 миллион сӯм расид.

 

Аз  “соҳибкор“ 2 ҳазор то ниқоб мусодира карда шуд

  

Чунин чораи назоратӣ дар ноҳияи Нарпай ҳам гузаронида шуд. Тавре маълум гардид, дар Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди "Мирбозор бозорӣ” баъзеи аз тоҷирон маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқро бе қайди рӯйхати давлатӣ фурӯхта истода буданд. Дар натиҷаи корҳои назоратӣ 409 кг картошка ба маблағи 1 840 500 сӯм гирифта шуд.

 

Тибқи маълумоти хизмати матбуотии инспексияи андози вилоят дар вақти карантини инфексияи коронавирус баҳри пешгирии маҳсулотҳои ноқонунӣ ва баланд накардани нархи маҳсулотҳои ҳаётан зарур, чунин чорабиниҳои маҷмӯӣ бурда шуда истодаанд. Барои муроҷиати шаҳрвандон инспексия рақами телефони 66 234 00 76-ро тавсия мекунад.

Комментариев: 0
Добавить комментарий