» » » Саломатии шаҳрвандон масъалаи муҳимтарини давр!


Саломатии шаҳрвандон масъалаи муҳимтарини давр!

Оғоз аз соати 06.00-и 27-марти соли 2020 ҳаракати тамоми воситаҳои нақлиётӣ (автобус, микроавтобус, мошинҳои сабукрав) аз даромад ба ҳудуди шаҳри Самарқанд ва баромад аз он боздошта мешаванд.

 

Саломатии шаҳрвандон масъалаи муҳимтарини давр!


Ин ҳолат нисбати нақлиёти боркаш, сокинони доимии шаҳри Самарқанд (аз рӯйхат гузаштагон), мақомоти ҳокимияти маҳаллии давлатӣ, идораҳои нигаҳдории ҳуқуқ ва тартибот, садоратҳо, роҳбарон ва ходимони фаъолияти худро дар идора ва ташкилотҳо (ташкилотҳои ғайридавлатӣ) бурдаистода, шифокорон ва ҳамшираҳои тиббӣ, ходимони маркази осоиштагии эпидемиологӣ ва санитарияи давлатии  дар асоси вазифаи алоҳидаи комиссияи фавқулоддаи мубориза зидди эпидемияи вилоятӣ ва ба ходимони масъули ба ноҳияҳои вилоят вобаста кардашуда, тадбиқ карда намешавад.

 

Инчунин дар ҳудуди шаҳр ҳаракати трамвай ва автобусҳо низ нигоҳ дошта мешавад.

Барои шахсони ба қоидаҳои мазкур риоя накарда, дар асоси тартиби дар қонун оварда шуда, чораҳои зарурӣ дида мешаванд ва дар ин бора мо ҳамаро огоҳ мекунем.

 

Самарқандиёни азиз, ҳамаи Шумоёнро ба риоя намудани қоидаҳои зерин даъват мекунем ва аз хона набаромаданатонро хоҳиш дорем!

 

Дар ин бора шабакаи zarnews.uz хабар мерасонад.

Комментариев: 0
Добавить комментарий