» » » “Ӯзбекнефтгаз”: Баҳри пешгирии паҳни инфексияи коронавирус дар базаҳои Нефт корҳои дезинфексионӣ бурда мешаванд


“Ӯзбекнефтгаз”: Баҳри пешгирии паҳни инфексияи коронавирус дар базаҳои Нефт корҳои дезинфексионӣ бурда мешаванд

Бо мақсади иҷрои қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз санаи 23-марти соли 2020 "Оид ба чораҳои иловагии пешгирии паҳни инфексияи коронавирус” раиси идораи Ҷамъияти Саҳҳомии "Ӯзбекнефтгаз” ва дигар корхонаҳои дар назди сохтори мазкур фаъолиятбаранда, Меҳриддин Абдуллоев, вазифаи дар ҳамаи базаҳои Нефт гузаронида шудани корҳои дезинфексионӣ аз тарафи ходимони маркази санитарӣ-эпидемиолгӣ ва дода шудани ниқобҳои бепулро баён кард.

 

 

Қобили зикр аст, ки Департаменти нигаҳдорӣ ва кашонидани маҳсулотҳои нефт ва нефти кимиёвю коркарди нефт дар базаҳои Нефт амалигардонии чораҳои заруриро назорат карда истодаанд.

То вақти имрӯз дар ҶДММ-и "Мароқанд нефт базаси”, "Тўрақўрғон нефт базаси”, "Навоий нефт базаси”, "Бухоро нефт базаси” "Пахта нефт базаси”, "Кучлик нефт базаси”, "Урганч нефт базаси”, "Термиз нефт базаси” пурра корҳои дезинфексионӣ бурда шуданд.

 

Ба ғайр аз ин бо мақсади пешгирии сӯхтор дар базаҳои Нефт чораҳои муҳим андешида истодаанд.

                              

  Хизмати матбуотии Ҷамъияти Саҳҳомии "Ӯзбекнефтгаз”.

Комментариев: 0
Добавить комментарий