» » » 27-март-рӯзи байналмилали театр


27-март-рӯзи байналмилали театр

Санаи 27-март рӯзи байналмилали театр мебошад. Ба муносибати  ин сана ҳамаи ходимони фидоии ин соҳа ва устозонро самимона табрик менамоям! Дар ҳама гуна давру шароит намояндагони ин соҳа ҳамнафас ва ҳамқадами замон буда, дар вазъиятҳои гуногун бо халқи азизамонанд.

 

 

Дар ин рӯзҳо инсоният дар курраи замин имтиҳони гузариш аз "пандемияи коронавирус”-ро аз сар мегузаронад, аз ин рӯ, нияти нек мекунем, ки  халқи олам ин бемориро паси сар карда, ходимони театр ҳам дар рӯзҳои наздик бо толорҳои пур аз тамошобин намоишҳои ҷолибро пешкаши халқамон мегардонанд.

 

Мо имрӯз набояд фаромӯш кунем, ки дар чунин вақт, ҳар яки мо бояд эҳтиёт бошему дар хона нишинем. Ба қоидаҳои карантин риоя кунем. Агар аломатҳои бемориро ҳис кунем, ба зудӣ назди шифокорон рафта, паҳни онро пешгирӣ кунем ва барои фарзандону наберагон хатарро зиёд нагардонем. Аз ҳама муҳимаш набояд фаромӯш кард, ки мо барои саломатии наздикон, фарзандонамон ҷавобгарем.

 

Боварии комил дорам, ки дар ҳамдилӣ мо ин бемориро ғолиб меоем!

Ва минбаъд театр дари худро барои тамошобинон калон кушода, бо намоиши асарҳои шавқовару пурмазмун ҳамаро хурсанд мегардонад. Бешубҳа рӯзҳои наздик мо дар толорҳои барҳавои театр бо Шумоён мухлисон вохӯрда, имрӯз ба ҳамаи фидоиёни соҳа рӯзи театрро муборакбод менамоем!

                                                                                                Бахтиёр Сайфуллоев

                                                                                    Раиси кумитаи Сенати Олий Маҷлиси                   

                                                         масъалаҳои варзишу маданият ва ҷавонон. 

Комментариев: 0
Добавить комментарий