» » » Маслиҳатчии ҳокими шаҳри Самарқанд таъин гардид


Маслиҳатчии ҳокими шаҳри Самарқанд таъин гардид

Дар асоси фармони ҳокими шаҳри Самарқанд аз санаи 26-марти соли равон Худойқулова Фотима Инатуллоева маслиҳатчии ҳоким оид ба корҳои сохтмону меъморӣ таъин карда шуд.

 


Худойқулова Фотима Инатуллоева хатмкунандаи Донишкадаи давлатии сохтмону меъмории Самарқанд буда, дар корхонаи банақшагирии меъмории "Арк Дизайн” ба вазифаи меъмор ва дар ҶДММ "Архикуб” дар вазифаи сармеъмор кор карда омадааст.

 

Худойқулова Фотима Инатуллоева минбаъд бо корҳои ороишии воситаҳои ахборотӣ ва рекламаи берунаи мутобиқ ба анъанаҳои милии мо ва андозаҳои ҷаҳонӣ шуғл варзида, масъалаҳои меъморӣ ва сохтмониро ҳам идора хоҳад кард.

Комментариев: 0
Добавить комментарий