» » » 1051-нафар самарқандиёни дар карантин буда, ба хонаҳояшон фиристода шуданд


1051-нафар самарқандиёни дар карантин буда, ба хонаҳояшон фиристода шуданд

Шаҳрвандоне, ки дар тӯли 14-рӯз дар бинои Маркази тайёрии афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон  ба карантин гирифта шуда буданд, ба хонаҳояшон фиристода шуданд. Аҳволи онҳо қаноатбахш аст.

 

1051-нафар самарқандиёни дар карантин буда, ба хонаҳояшон фиристода шуданд

 

Онҳо ба карантини ҳатмӣ гирифта шуда, аз назорати шифокорон гузаронида шуданд. Баъди таҳлил ба нишонаҳои мавҷудияти коронавирус натиҷаи манфӣ гирифта шуд. Минбаъд ин шаҳрвандон дар бадали 10-рӯз дар карантини хона зери назорати шифокорон мешаванд.

То вақти имрӯз миқдори умумии шаҳрвандони дар карантин буда, дар Самарқанд, 2649-нафарро ташкил медиҳанд.    

 

Ёдрас мекунед, то санаи 9-апрели соли равон дар вилояти Самарқанд 1-нафар шахси бо коронавирус сироятёфта ба қайд гирифта шудааст.

 

Дар ин бора хизмати ахборотии Садорати тандурустии вилояти Самарқанд хабар мерасонад.

Комментариев: 0
Добавить комментарий