» » » Дар Самарқанд зиёда аз 1000-тонна помидор содирот карда шуд


Дар Самарқанд зиёда аз 1000-тонна помидор содирот карда шуд

Маълуматон, ки дар 25 гектар майдони ҶДММ "Агро Гумуш Жомбой”-и дар ҳудуди ММТП "Оқ олтин” ҷой гирифта, дар ҳамкорӣ бо тадбиркорони туркиягӣ навъи нави помидори "Ложейн” парвариш карда шуда, он хеле серҳосил, лоиқ ба содирот ва барои тайёр кардани томатҳо маҳсулоти босифат мебошад.

 

 

Айни ҳол дар назди ҶДММ "Агро Гумуш Жомбой” яхдони замонавии калонҳаҷми мутобиқ ба ҷойгузории 500-тонна маҳсулот кор карда истодааст.

 

Соли ҷорӣ дар назар дошта шудааст, ки аз тарафи корхона 2 ҳазору 500 тонна помидори хушсифат ҷамъ карда шуда, ба давлатҳои хориҷа содирот карда шавад.

 

Ба сифати маълумот бояд қайд намуд, ки то вақти имрӯз дар вилоят ба маблағи 601-ҳазор доллари америкоӣ зиёда аз 1000-тонна маҳсулоти хушсифати помидор истеҳсол ва содирот карда шуд.

 

Дар ин кор барои дар муҳлати муайян то манзилҳои аниқ расонидани маҳсулоти номбурда, тавассути расмигардонии соддаи пости "Самарқанд”-и боҷхонаи иқтисодиёти беруна дар давоми 24 соат аз тарафи ходимони боҷхона ёрии амалӣ расонида шуда истодааст.

 

Дар ин бора хизмати Ахборотии садорати боҷхонаи вилояти Самарқанд хабар мерасонад.

Комментариев: 0
Добавить комментарий