» » » Дар ноҳияи Пастдарғоми вилояти Самарқанд Маркази нави давлатии хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба истифода дода шуд


Дар ноҳияи Пастдарғоми вилояти Самарқанд Маркази нави давлатии хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба истифода дода шуд

Дар маросими кушодашавии Маркази нав намояндагони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, ташкилоту муассисаҳо, ходимони Васоити Ахбори Омма ва намояндагони дигари соҳаҳои хоҷагии халқ иштирок карданд.

 

Дар ноҳияи Пастдарғоми вилояти Самарқанд Маркази нави давлатии хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба истифода дода шуд

 

Дар рафти маросими ифтитоҳӣ ҳокими ноҳияи Пастдарғам Ш.Худайбердиев, роҳбари Агентии хизматҳои давлатӣ Х.Тураходжаев ва фаъолони мавзеъ иштирок карда, бо шароити муҳайёкардашуда дар маркази навбунёд аз наздик ошно гаштанд.

 

Қобили зикр аст, ки Маркази хизматрасонии давлатӣ дар бинои ду қабата ҷой гирифта, барои ходимон ва аҳолӣ тамоми шароитҳо фароҳам карда шудааст. Корҳои сохтмониро бошад, ба маблағи 5 миллиард сӯм компанияи сохтмонии «Mash’alTransServis» амалӣ кардааст.

 

Дар Марказ толори барҳавои интизории миҷозон бо ороишот ва тарроҳии замонавӣ, утоқи хазматрасонӣ, хонаи модару кӯдак, утоқи хизмати тиббӣ ва манзили барҳавои маҷлисӣ барои инвесторони хориҷӣ бунёд гардида, он дорои экрани калон мебошад ва барои тақдими дастовардҳои соҳаҳои гуногуни ноҳия  хизмат мекунад.

 

Мутахассисони самти мазкур якбора метавонанд тезу фаврӣ  ба 29-нафар шахси муроҷиаткарда хизмат расонанд ва  бо ин васила миқдори ашхоси дар навбат бударо кам гардонанд.

Ҳамин тавр, дар Маркази нави хизматрасонии давлатӣ 130-намуди хизматҳо ба роҳ монда шудаанд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий