» » » Ҳуҷҷатсупорӣ ба даргоҳҳои олӣ ба таври онлайн гузаронида мешавад


Ҳуҷҷатсупорӣ ба даргоҳҳои олӣ ба таври онлайн гузаронида мешавад

То вақти имрӯзи соли равон дар вилоят 3149-нафар довталаб ба даргоҳҳои олӣ ҳуҷҷат супорида, байни таълимгоҳҳои олӣ миқдори зиёди хоҳишмандон, ба Донишгоҳи Давлатии Самарқанд ба рӯйхат гирифта шудаанд. Дар ин бора раиси комиссияи қабул Раҳматилло Мирзоев хабар мерасонад.

 

 

Дар рӯзи якӯми ҳуҷҷатсупорӣ ба ДД Самарқанд зиёда аз 600-нафар довталаб ба рӯйхат гирифта шуд. Ҳамин тавр, ДД Самарқанд ба қатори се даргоҳи олии дар талаб будаи ҷумҳурӣ дохил карда шуд. 

 

Тибқи фикри раиси комиссияи қабул Раҳматилло Мирзоев даргоҳҳои олӣ ҳуҷҷатҳоро коғазӣ қабул накарда, тавассути шабакаи тартибдода қабул мекунанд. Аз ин рӯ, дар чунин ҳолат зарурияти ба университет омадан пайдо нашуда, танҳо барои консултатсияи даҳонӣ штаб-ситод ташкил карда шудааст.

 

Вазорати рушди технологияҳои информатсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон портали Ягонаи хизматҳои давлатии интерактивӣ барои ҳуҷҷатсупории (ЕПИГУ) "Онлайн-регистрация абитуриента" ташкил кардааст.

 

Барои ҳуҷҷатсупорӣ дар шабакаи ЕПИГУ ҳамаи маълумотҳои зарурӣ, аз ҷумла: намуд ва забони хониш, номи даргоҳи олӣ ва ғайраро бояд дохил кард.

 

Ёдрас мекунем, ки довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои хешро ба ғайр аз ЕПИГУ, инчунин тавассути шабакаи маркази Давлатии тестӣ супоранд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий