» » » 30-июн дар Ӯзбекистон рӯзи ҷавонон қайд карда мешавад


30-июн дар Ӯзбекистон рӯзи ҷавонон қайд карда мешавад

 

 30-июн дар Ӯзбекистон рӯзи ҷавонон қайд карда мешавад

Ҳамин тавр, дар республика 227-ҳазор нафар ҷавонони соҳибкор дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат саҳмгузор шуда, дар доираи лоиҳаи "Ҷавонон ояндаи мо” барои 7 ҳазору 775 лоиҳаи бизнесӣ, зиёда аз 1 триллиону 635-миллиард сӯм кредити боимтиёз ҷудо карда шудааст. Наздик ба 40-ҳазор то ҷойҳои нави корӣ низ ташкил карда шудааст.

Дар баробари ин, 27-то маркази коворкингии "Ёш тадбиркорлар” ва 157-то "Ёшлар меҳнат гузари” ба истифода супорида шуданд. Дар маҷмӯаҳои мазкур бошад, 2 ҳазору 200-нафар ҷавонписарону ҷавондухтарон соҳибкориро пешаи худ кардаанд.

Дар доираи лоиҳаи "Ҳар бир ёшга-бир гектар” барои 65-ҳазор нафар деҳқонони ҷавонон 54-ҳазору 232 гектар майдони кишти замин ҷудо карда шуд.

Дар натиҷаи дида шудани чораҳои мазкур дар се соли охир 560-ҳазору 200-нафар ҷавонон бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.

Дар самти хониш бошад, таи се соли охир дар республика миқдори даргоҳҳои олӣ ба 60 фоиз расида, ба 116-то расид. Байни ин марказҳои хонишӣ филиали университетҳои давлатҳои хориҷӣ низ мавҷуд буда, дар соли хониши нави 2016-17, 58-ҳазор квота барои қабул ба муассисаҳои таълимӣ ташкил карда шуда, ин нишондиҳанда дар соли равон ба 150-ҳазор расид.

Чунин факту рақамҳоро беохир метавон номбар кард. Дар Ватани маҳбуби мо Ӯзбекистони ҷонаҷон барои кӯмак ба ҷавонон, ҳукумату давлати мо бо сарварии роҳбари мамлакат қарору фармонҳои зиёде дарҷ намуда, сиёсати ҷавононро дар ҷои аввал медонанд.

 

Комментариев: 0
Добавить комментарий