» » » Барои гузаронида имтиҳони эҷодӣ масъулини ДД Самарқанд аз дигар даргоҳҳои олӣ мехоҳанд мутахассисонро чалб намоянд


Барои гузаронида имтиҳони эҷодӣ масъулини ДД Самарқанд аз дигар даргоҳҳои олӣ мехоҳанд мутахассисонро чалб намоянд

Тибқи маълумоти маркази Давлатии тестӣ то санаи 1-июли соли равон миқдори довталабони ба Донишгоҳи Давлатии Самарқанд ариза супорида, аз 20 336-нафар зиёд гаштааст. Байни даргоҳҳои олии дигари республика  ин нишондиҳанда хеле баланд аст. Ҳини сӯҳбат котиби масъули комиссияи қабули ДД Самарқанд Р.Мирзоев дар ин бора чунин гуфт:

 

 

-"Агар соли гузашта, аз рӯи 54 самти бакалавриат 74-ҳазор довталаб ба рӯйхат гирифта шуда бошанд, дар соли хониши 2020-2021-ӯм дар шӯъбаҳои рӯзонаи хонишӣ аз рӯи 49 самт 3 325 квота ҷудо карда шудааст. (763 квота дар асоси гранти давлатӣ ва 2 562 ҷой дар асоси контракт)”

 

Барои хониши ғоибона бошад, аз рӯи 15 самт 1200 ҷой ҷудо карда шуда, аз рӯи 5 самти дигари хониши ғоибона 375 ҷой ҷудо карда шудааст. Соли равон самтҳои нави хонишии: ҳуқуқшиносӣ, биотехнологӣ, кори нашриётӣ, инженерияи математикӣ, озуқаворӣ ва токдорӣ ташкил карда шудааст. Боз як навоварие, ки дар ин маскани хонишӣ ба роҳ монда шудааст, ин гузаронидани тестҳо дар самтҳои гуногун ба  забони точикӣ мебошад.

 

Барои ташкили имтиҳонҳои кушоду шаффоф ва пешгирии қонунвайронкунӣ ректор ба Вазорати таълими олӣ ва махсуси миёнаи республика муроҷиат карда, дар бораи ҷалби омӯзгоронро аз дигар даргоҳҳои олии мамлакат муроҷиат кард. Барои ин омўзгорони ДД Самарқанд омодагии хешро барои қабули ҳамкасбон аз дигар даргоҳҳои олии республика ва муҳайё намудани тамоми шароит барои онҳо, баён намуданд.

 

Тибқи фикри котиби масъули комиссияи қабул маркази call-центр ташкил карда шуда, он ҷо 25-нафар ходимон ба саволҳои волидон ва довталабон ҷавоб медиҳанд.


Дар ин бора шабакаи Уза хабар мерасонад.

Комментариев: 0
Добавить комментарий