Барои парвоз аз тарафи муассисаҳои консулӣ шаҳрвандон ба рӯйхат гирифта шуда, ба авикомпанияи Uzbekistan Airwaysтақдим карда мешаванд. Баъд дар ин асос шаҳрвандон ба дохили самолёт-ҳавопаймо роҳ дода мешаванд.
Ба дохили самолёт-ҳавопаймо аввало шаҳрвандони бемор, шахсони фарзандони ноболиғ дошта, занҳои ҳомиладор ва шахсоне, ки баъди харидани билет-чиптаҳояшон бекор карда шуда буд, роҳ дода мешаванд.
Билет-чиптаҳоро шаҳрвандон аз кассаҳоиUzbekistan Airways-имамлакатҳои хориҷӣ 4-соат пеш аз парвоз метавонанд бихаранд.
Баъди бозгашт ба Ватан шаҳрвандони Ӯзбекистон бо хоҳиши худ метавонанд карантини 14-рӯзаро ё дар манзилҳои давлатии бепул гузаронанд ё дар меҳмонхонаҳои пулакӣ.
3-июл бошад, хатсайри чартерии "Тошканд-Новосибирск-Тошканд” ва ” Тошканд-Қозон-Тошканд”амалӣ карда шуд.
Дар ин бора инспектори ФВБ-и шаҳри Самарқанд хабар мерасонад.