» » » "Дар вилоят адади шахсони аз коронавирус фавтида ба 3-нафар расид".


"Дар вилоят адади шахсони аз коронавирус фавтида ба 3-нафар расид".

 

 

Ҳокими вилоят дар бораи ҳолати имрӯзи пандемия дар вилоят чунин гуфт:

-"Рӯз дар рӯз адади гирифторони бемории коронавирус дар вилояти Самарқанд зиёд мегардад. Ин ҳолат нишондиҳандаи хеле бад аст. Санаи 7-июл ҳам як нафар шахс дар Самарқанд аз олам чашм пӯшида миқдори фавтидагон ба се нафар расид. Минбаъд мо ба ҳолати карантинии сахт мегузарем. Вагарна ваъият хеле бад мешаваду одамони зиёд аз олам чашм мепӯшанд. Аз ин ҳолат мо бояд ба як хулоса оем".

Тибқи маълумоти ҳокими вилоят то 7-июли соли равон дар вилояти Самарқанд адади сироятёфтагон ба 495-нафар расидааст.

Ҳолати вазнинтар дар шаҳри Самарқанд ба қайд гирифта шуда, 162-нафар дар табобат буда, аз онҳо 121-нафарашон шифо ёфта, ноҳияи Паст Дарғами вилоят аз сабаби 29-нафар бемори дар рӯйхатдошта, аз ҳудуди "сабз" ба ҳудуди "зард" гузаронида шуд.

Дар ноҳияи Самарқанд ҳамагӣ 44-нафар бемор ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 35-нафарашон шифо ёфтаанд.

Дар ноҳияи Нарпайи вилоят аз 11-нафар бемор 6-нафар, дар ноҳияи Каттақӯрғон аз 14-нафар бемор 10-нафар, дар ноҳияи Пайариқ аз 37-нафар бемор 33-нафар, ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд.

Дар асоси маълумоти вазорати тандурустӣ дар Самарқанд то санаи 8-июли соли равон дар як шабонарӯз 22-нафар шахс сироят ёфта, 11-нафари онҳо аз байни аҳолӣ ба рӯйхат гирифта шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки дар тӯли 5-рӯзи охир дар Ӯзбекистон миқдори гирифторони коронавирус аз 300-нафар зиёд гашта, то имрӯз миқдори умумӣ дар ҷумҳурӣ ба 10 982-нафар расидааст.

Комментариев: 0
Добавить комментарий