» » » Дар Бухоро ҷараёни наворбардории филм дар бораи Маҳмудхӯҷа Беҳбудӣ ба охир мерасад


Дар Бухоро ҷараёни наворбардории филм дар бораи Маҳмудхӯҷа Беҳбудӣ ба охир мерасад

Агентии Милии "Ӯзбеккино" наворбардории филми ҳунарии дар бораи ҳаёт ва фаъолияти шахсияти бузурги халқи мо, асосгузори драматургияи ӯзбек Маҳмудхӯҷа Беҳбудиро ба охир мерасонад.Филм дар асоси воқеаҳои ҳаққонии охири асри ХIХ ва солҳои 20-и асри ХХ ба навор гирифта мешавад. Ҷараёни филм тавассути лаҳзаҳои хотиравӣ,  роҳи ҳаёти Маҳмудхӯҷа Беҳбудиро  пеши назар меорад.

 

Дар Бухоро ҷараёни наворбардории филм дар бораи Маҳмудхӯҷа Беҳбудӣ ба охир мерасад

 

 

Ҳодисаҳои таърихии торумори автономияи Қӯқанд, ки асоси ҳаққонӣ доранд ва гурехтани фирориёну, задухӯрд дар  ҷанг дар филм ҷой гирифтаанд.

 

Дар Бухоро лаҳзаҳои рӯзҳои охирини ҳаёти Маҳмудхӯҷа Беҳбудро пеш аз қатл дар зиндон наворбардорӣ карда, давоми филм дар Тошканд, Самарқанд ва дигар шаҳрҳои Ӯзбекистон сабт мегардад.

 

Қобили зикр аст, ки Беҳбудӣ яке аз намояндагони пешқадами ҷадидизм буда, ҳамчун шахси маърифатпарвар яке аз асосгузорони санъати театри миллӣ ва яке аз асосгузорони ташкилу рушди маданият, илму маърифат, таълим дар ҳудуди мо мебошад.

 

Яке аз муаллифони филм Улуғбек Содиқов таъкид намуд, ки:

 

-"Филми мазкур дар асоси талаби давлатӣ ба хотири абадигардонии номи маърифатпарвар Маҳмудхӯҷа Беҳбудӣ ва фаъолияти ҷадидон, ки  ба олам моҳияти дурусти исломро баррасӣ намудаанд, бахшида мешавад. Бисёре аз гуфтаҳои Беҳбудӣ дар филм, то ҳанӯзам хеле муҳим буда, аҳамияти худро гум накардаанд".

 

Драмаи таърихӣ дар бораи Маҳмудхӯҷа Беҳбудӣ ба ҷашни 145-солагии олим, публисист, ки соли равон қайд карда мешавад, бахшида шудааст.

 

Дар ин бора шабакаи Даракчи.уз хабар мерасонад.

Комментариев: 0
Добавить комментарий