» » » Оғоз аз санаи 13-июли соли равон ҳаракати нақлиёти роҳи оҳан ва хатсайрҳои ҳавопаймоҳои дохили мамлакат муваққатан боздошта мешаванд


Оғоз аз санаи 13-июли соли равон ҳаракати нақлиёти роҳи оҳан ва хатсайрҳои ҳавопаймоҳои дохили мамлакат муваққатан боздошта мешаванд

Дар ин бора дар брифинги Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, котиби матбуотии ташкилот Наврӯз Ашурматов маълумот расонида гуфт, ки ҳаракати нақлиёти роҳи оҳан ва хатсайрҳои ҳавопаймоҳои дохили мамлакат муваққатан, оғоз аз санаи 13-июли соли равон, боздошта мешаванд.

 

Оғоз аз санаи 13-июли соли равон ҳаракати нақлиёти роҳи оҳан ва хатсайрҳои ҳавопаймоҳои дохили мамлакат муваққатан боздошта мешаванд

 

Дар асоси қарори комиссияи Махсуси республикавии мубориза зидди паҳншавӣ-сирояти коронавирус оғоз аз санаи 10-июли соли равон ҳаракати автонақлиётҳо муваққатан (7.00-10.00 ва 17.00-20.00) маҳдуд карда мешаванд (ба ғайр аз Тошканд ва вилояти Тошканд), нақлиёти ҷамъиятӣ  муваққатан кор накарда, истифодаи стикерҳо ба роҳ монда мешавад...

 

Пули 5900-то билет-чиптаҳои қатораҳо, ки аз санаи 10-июл то санаи 1-августи соли равон барои мусофирон фурӯхта шуда буд, ба шаҳрвандон баргардонида мешавад...

 

Ҳаракати таксиҳои ғайрихатии ҳаракаткунанда бо риоя ба талабҳои зерин иҷозат дода шудааст:

-дар дохили нақлиёт ҳатмӣ бояд байни ронанда ва мусофир банер ва ё плёнкаи шаффоф гузошта шавад

-ҳам ронанда ва ҳам мусофир ҳатмӣ бояд бо ниқоб бошанд, шахси бениқоб набояд ба нақлиёт роҳ дода шавад

-дар нақлиёт аз ду нафар зиёд мусофир набояд бошад, ин ҳам дар қисми оқиби нақлиёт

-таксиҳо танҳо дар ҳудудҳои аз руйхат гузашта метавонанд ҳаракат кунанд (Тошканд, Қорақалпоғистон ва вилоят).

Комментариев: 0
Добавить комментарий