» » » Қабул-2020: абитуриентҳо дар кадом тартиб аз рӯйхат мегузаранд?


Қабул-2020: абитуриентҳо дар кадом тартиб аз рӯйхат мегузаранд?

Қабул-2020: абитуриентҳо дар кадом тартиб аз рӯйхат мегузаранд?

-Абитуриент-довталабон ҳуҷҷатҳоро дар кадом тартиб ва чӣ гуна, аз куҷо ба рӯйхат медароранд?

-Абитуриент-довталабон ҳуҷҷатҳоро ба тариқи веб сайти my.gov.uz ё abitur.dtm.uz ба тарзи онлайнӣ метавонанд аз рӯйхат гузаронанд. Инчунин тавассути марказҳои хизматҳои Давлатии ҳудудҳое, ки аз тарафи комиссияи махсуси Республикавӣ тасдиқ карда шудааст, метавонан ҳуҷҷатҳои худро супоранд.

Довталабоне, ки ҳуҷҷати шаҳрвандӣ надоранд, дар муассисаи таълими олӣ аз рӯйхат гузаронида мешаванд.

Ҷараёни супориши ҳуҷҷатҳо то кай давом медиҳад? Ба маълумотҳо дигаргуниҳо дохил карда мешаванд ё на?

Баъди супоридани ҳуҷҷатҳо дар асоси ариза то 20-июл ба ҳуҷҷатҳо дигаргунӣ дохил кардан мумкин мешавад. Агар довталаб дар ягон ҳуҷҷат ба хатогие роҳ дода бошад, метавонад ислоҳ кунад ва ё агар абитуриент хоҳиши дигар кардани самти хониширо дошта, ҳуҷҷати иловагии боимтиёзро илова карданӣ бошад, ба ин ҷараён роҳ дода мешавад.

Қабули ҳуҷҷатҳо то соати 24.00-и санаи 20-июли соли равон давом мекунад.

-Оё як нафар довталаб аризаро тавассути телефонҳои гуногун якчанд маротиба метавонад супорад?

-Не, албатта, як шахс, як довталаб фақат як маротиба метавонад ариза фиристад. Тавассути як рақами телефони муайян танҳо як нафар абитуриент метавонад аз рӯйхат гузарад. 2-3 нафар шахс аз як рақами телефон аз рӯйхат гузаронида намешавад.

Ҳангоми аз рӯйхат гузаштан пардохти маблағ чӣ гуна сурат мегирад? Киҳо пул месупоранд?

Оғоз аз соли хониши соли равон абитуриентҳои муассисаҳои таълимиро соли гузашта хатм намуда, пул месупоранд (ногиронони гурӯҳи I ва II, шахсони дар таъмини пурраи давлатӣ буда, аз ин гуфтаҳо мустасноянд).

Агар абитуриент ба тест наояд, пул баргардонида намешавад.

Танҳо аз довталабони самти имтиҳони эҷодӣ пул гирифта намешавад. Барои ин гуна довталабон дар сохтор инвойс ташкил карда намешавад. Агар довталабони самти эҷодӣ надониста пул супорида бошанд, ба онҳо пул баргардонида дода мешавад.

Тартиби имтиҳонсупорӣ дар самти таълими бакалавриати даргоҳҳои олӣ дигар карда нашудааст. Агар аз тарафи комиссияи махсуси республикавӣ муддати карантин дароз карда шавад, мӯҳлати баргузории имтиҳони тестӣ ҳам дигар карда мешавад...


Комментариев: 0
Добавить комментарий