» » » Дар ҳамкорӣ бо маркази илмӣ-тадқиқотии Имом Бухорӣ ва ЮНЕСКО китоб нашр гардид


Дар ҳамкорӣ бо маркази илмӣ-тадқиқотии Имом Бухорӣ ва ЮНЕСКО китоб нашр гардид

 

 Дар ҳамкорӣ бо маркази илмӣ-тадқиқотии Имом Бухорӣ ва ЮНЕСКО китоб нашр гардид

Дар расмҳои сфрагистика инъикоси воқеаҳои вақти гузашта акс ёфта, маводи пурқиммати омӯзиши ин ё он даврро пеши назар меорад. Бешубҳа, муҳрҳои бо дастони моҳири устоёни қарнҳои гузашта ба вуҷуд омада, ёдгории бетакрори санъат ба ҳисоб мераванд. Онҳо на фақат дар ҳазор намуди ҳуҷҷатҳо гузашта мешуданд, балки дар дастнависҳои бисёри гузаштагон ҷой дошта, имрӯз дар хазинаи Ӯзбекистон нигоҳ дошта мешаванд.

Директори маркази илмӣ-тадқиқотии Байналхалқии Имом Бухории вилояти Самарқанд Шовосил Зиёдов, монографияи илмии "Маводҳо оид ба сфрагистика (Тошканд. Охири асри ХIХ-аввали асри ХХ) Феҳрасти нусхаҳои муҳрҳо"-ро аз нашр баровард. Рисолаи номзади илмҳои таърих аз 176 саҳифа иборат буда, барои бостоншиносон, шарқшиносон ва донишҷӯёну магистрҳо ва мутахассисони самти омӯзиши таърихи Осиёи Миёна маводи пурарзиш ба ҳисоб меравад.

Китоб дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ЮНЕСКО тайёр карда шуда, тасвири муҳрҳои дар Институти шарқшиносии ба номи Абу Райҳон Берунии Академияи улуми Ӯзбекистон маҳфуз бударо дарбар мегирад. Онҳоро каллиграф-хаттот ва устои муҳршинос Сидқӣ Хандайликӣ тайёр кардааст...

Дар китоби хеш Ш.Зиёдов дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Сидқии Хандайликӣ, ҳамчун тарҷумони матнҳои забони форсӣ, хаттот ва устои бомаҳорати муҳрҳои охири асри 19 ва аввали асри 20 нақл менамояд...

Қобили зикр аст, ки дар рафти бурда шудани корҳои илмӣ- тадқиқотӣ тамоми мероси бойи доир ба нусхаҳои гуногуни муҳрҳои Сидқӣ Хандайликӣ ва устоди ӯ тааллуқдошта истифода бурда шудааст...

Инчунин дар хазинаи бебаҳои Институти шарқшиносии ба номи Абу Райҳон Берунӣ муҳрҳои мутааллиқ ба қозиёну қози-калонон, муфтиён, мударрисон, боён ва олимону фарзандони онҳо, ки хеле ҷолибанд , нигоҳ дошта мешаванд.

Нашри китоби мазкур бо дастгирии гранти Хазинаи Герда Хенкел аз давлати Олмон ва стипендияи самти илмҳои иҷтимоӣ-башардӯстонаи ба номи Фернанд Бродел амалӣ гардидааст.

 

 

Комментариев: 0
Добавить комментарий