» » » Дар хонаи сокини Каттақӯрғон панҷ қуттии пур аз марихуана дарёфтанд


Дар хонаи сокини Каттақӯрғон панҷ қуттии пур аз марихуана дарёфтанд

 Дар хонаи сокини Каттақӯрғон панҷ қуттии пур аз марихуана дарёфтанд

Дар хонаи сокини 25-солаи маҳаллаи "Кӯҳнадам”-и Каттақӯрғони вилояти Самарқанд ходимони садорати корҳои дохилии ноҳияи мазкур панҷ қуттии гӯгирд пур аз растании нашъамандии марихуана дарёфта,  шахси гумонбарро дастгир карданд. Дар ин бора   хизмати матбуотии Садорати корҳои дохилии вилояти Самарқанд хабар мерасонад.

Ҳангоми бурда шудани корҳои кофтукобӣ, дар хона даставвал ду қуттии гӯгирд дар дохилаш нашъа ва баъдан се қуттии дигар бо маводи нашъамандӣ дарёт гардид.

Дар дохили оташдони сунъӣ илова зарфи пластикӣ барои истеъмоли марихуана ёфт шуда, дар ҳузури гувоҳон ба таври  далели шайъӣ дониста шуд.

 Дар асоси моддаи 276-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон нисбати гумонбар парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, кори тафтишотӣ бурда мешавад.

 

 

 

 

 

Комментариев: 0
Добавить комментарий